Нақшаи вазорат дар амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Нақшаи вазорат дар амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Июл 31
14:19 2024

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” семинари омӯзишӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Манзура ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ҳузур доштанд.

Ҳадаф аз баргузории семинари омӯзишӣ-ин фаҳмондани мазмуну моҳияти Нақшаи амали барномаи мазкур ва тартиби иҷрои онҳо аз ҷониби субъектони масъул арзёбӣ гашт. Тавре зикр гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол пешгирӣ ва муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон ҳисобида, барои тақвияти муборизаҳои муштарак алайҳи ин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла дар ин самт “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” айни замон дар мамлакат татбиқ гардида истодааст.

Қайд гардид, ки стратегияи мазкур аз 13 самт ва амалисозии он 3 марҳиларо дарбар гирифта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии он низ саҳмгузор мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,562
  • 2,153
  • 988,144