Ба истифода додани озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилия

Ба истифода додани озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилия
Август 02
13:14 2024

1-уми августи соли равон дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилияи Ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарияти Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ифтитоҳи чунин як озмоишгоҳи муосирро барои ташхису муоинаи беморони гемофилия дар Тоҷикистон як қадами устувори дигар дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморони мазкур унвон намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар ин ҷода акнун фаъолияти хешро аз пештара дида боз ҳам пурзӯртар намоянд.

Наҷиб Азизӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон иброз дошт, ки барои ташхису табобати гирифторони бемории гемофилия дер боз дар орзуи чунин як озмоишгоҳи замонавӣ буданд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин орзуи онҳо амалӣ гашт, ки ин руйдоди фараҳбахш кулли беморони гемофилияро дар кишвар шод гардонид.

Мавриди зикр аст, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат  қарор дошта, инак 7 сол аст, ки  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсис додани ташкилоти мазкур-ин  ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Аз ҷумла имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон бо «криопретсипитат» ва «плазма» ба таври ройгон таъмин мегарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,479
  • 2,153
  • 988,061