Тақдими дастгоҳҳои рентгени рақамии портативӣ дорои зеҳни сунъӣ ба вазорат

Тақдими дастгоҳҳои рентгени рақамии портативӣ дорои зеҳни сунъӣ ба  вазорат
Август 02
13:30 2024

Имрӯз, 2 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” маросими супоридани дастгоҳҳои рентгени рақамии портативӣ дорои зеҳни сунъӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ва шарикони рушд  иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, дастгоҳҳои мазкур  аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар доираи амалисозии “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба вазорат супорида шуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдухолиқ Амирзода  зимни қабули  дастгоҳҳои мазкур иброз намуд, ки хушбахтона давоми солҳои охир дастовардҳо дар соҳаи силшиносии мамлакат зиёданд, аз ҷумла солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат дар муассисаҳои соҳавӣ харидорию васл  гардидани дастгоҳҳои рентгени рақамии портативӣ дорои зеҳни сунъӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин ташаббус дар  дар самти дарёфти саривақтии бемории сил мусоидат  намуд.

Афзалияти дастгоҳҳои рентгени портативӣ бо зеҳни сунъӣ дар он аст, ки онҳо камҳаҷми сабук буда, барои муоинаи эҳтиёҷмандони дар ҷойҳои дур ва дар ҷойҳои душвор зиндагикунанда пешниҳод карда мешаванд. Инчунин, ҳангоми гирифтани акс ҷойҳои осебдида дар экрани компютер нишон дода шуда, он дар набудани барқ бо акомулятори офтобӣ фаъолият мекунад. Бо чунин таҷҳизоти муосир имкон аст, ки   шахси гирифтори сил дар марҳилаҳои аввали беморӣ дарёфт  карда шавад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,479
  • 2,153
  • 988,061