Вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гашт

Вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гашт
Август 05
15:00 2024

Имрӯз, 5-уми августи соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар  шашмоҳаи аввали соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, директорони хадамотҳои соҳавӣ, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва 58 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шаш моҳи аввали соли 2024 маълумоти мухтасар  пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ фаъолияти вазорат ва тамоми муассисаҳои зертобеи он тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва рушди низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар равона карда шуд.

Дар ин давра баҳри беҳтар намудани танзими муносибатҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди заминаи ҳуқуқии соҳа 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, лоиҳаҳои 1 қонун ва 1 қарори дигар барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Инчунин лоиҳаҳои 3 қонун ва 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия  ва айни замон дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади амалигардонии рукнҳои асосии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар “Шарҳи якҷояи солонаи соли дуюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-2) ва “Форуми байналмилалӣ оид ба сармоягузорӣ ба тандурустӣ” бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои алоқаманди ҷумҳурӣ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ баргузор гардид ва дар рафти он Нақшаи амали солҳои 2024-2026 татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар ин давра аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию дору дастрас карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,83 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмиру таҷдид ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ дар кишвар як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Бо мақсади таъмини беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 34 адад муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, 110 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ таъмир гардидаанд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии кишвар 62 навгониҳо, аз он ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шудааст. Навгониҳои  дар  самти ташхис воридшуда дар бемориҳои саратон, меъдаю руда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст ва дар самти табобат ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмуҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, бемориҳои меъдаю руда ва саратон, ҷарроҳиҳои қафаси сина, абдоминалӣ, рентгенэндоваскулярӣ ва чашмро дарбар мегиранд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1167 нафар табибон ва 2347 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2023  мутаносибан табибон 180 нафар зиёд ва кормандони миёнаи тиббӣ 1029 нафар кам мебошад.

Ҳамзамон дар даври ҳисоботӣ дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмўъ 7799 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи 6 моҳи соли гузашта 366 нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат 187 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 41 нафар зиёд мебошад.

Баъдан, бахши саволу ҷавоб оғоз ёфта, аз ҷониби  рӯзноманигорон беш аз 30  савол пешниҳод гардид, ки дар навбати худ роҳбарияти вазорат ба онҳо посухҳои мушаххас гардонид.

Махсусан, аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои вазъи як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Темурмалик ва Кӯлоби вилояти Хатлон, вазъи бемории ВИЧ/СПИД, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла нафастангӣ, норасоии табибон ва дигар бахшҳои муҳими соҳа саволҳо пешниҳод карда шуд.

Ҳамин тавр, нишасти матбуотии вазорат 1 соату 25 дақиқа идома ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,479
  • 2,153
  • 988,061