Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Иди касбии  табибони Тоҷикистон ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
Август 17
12:24 2024

Ҳамкасбони азиз!

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати Рӯзи зодрӯзи олим, файласуф, ҳакими барҷастаи тоҷик, аллома Абӯалӣ ибни Сино ва Иди касбии кормандони тибби Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломатии бардавом, файзу баракати рӯзгор, хушбахтиву саодатмандӣ ва ба кору фаъолиятатон барору муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Ҳамасола иди касбии худро бо дастоварду комёбиҳои назаррас пешвоз гирифтан ба ҳукми анъана даромада бошад ҳам, таҷлили Рӯзи касбии табибони мамлакат ҳамасола дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки ин рамзи нек боиси ифтихору шарафи ҳар як корманди соҳаи тандурустии кишвар аст.

Воқеан ҳам имрўзҳо ба таърихи 33-солаи давлати навини хеш назар намуда, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав – давлати орзу ва ормонҳои миллӣ ва ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Ва ҳоло рушди босуботи кишвари азизамон бо азму иродаи қавии мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон ва таҳти роҳбарии Сарвари хирадпешаву хирадсолори ин миллати соҳибтамаддун дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа таъмин гардида истодааст.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум бойигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ, бахусус дастгирии ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва маъюбон бо роҳҳои тадриҷан боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Махсусан, дар баробари дастгирӣ ва ҳавасмандгардониҳои қаблӣ, аз 1 июли соли 2024 40% зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи тандурустӣ аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дарак медиҳад.

Беҳтар кардани вазъи кадрии соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба шумор рафта, он зери таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар ин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки то 1 – уми июли соли 2024 дар муассисаҳои тандурустӣ 21616 нафар табиб ва 62485 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,1 ва 1,8 % зиёд мебошад..

Дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 1167 нафар табибон ва 2347 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2023 мутаносибан табибон 180 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давра дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 7799 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи 6 моҳи соли гузашта 366 нафар зиёд мебошад.

Инчунин, дар ин муддат 187 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 41 нафар зиёд мебошад.

Айни ҳол аз ҷониби муассисаҳои таълимию илмии вазорат 46 лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа айни ҳол дар ҷумҷурӣ 37 коллеҷҳои тиббӣ, аз ҷумла 16 коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва 21 коллеҷҳои тиббии ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

Чун анъана давоми 6 моҳаи аввали соли 2024 соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, баҳри таъмини солимии аҳолӣ як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмиру таҷдид ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ дар кишвар як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла дар ин давра зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади таъмини беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 34 адад муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда 110 адад муассисаҳои тандурустӣ таъмир гардиданд.

Яке аз самтҳои муҳими соҳа-ин пайваста ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ мебошад.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии кишвар 62 навгониҳо, аз он ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шудааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки давоми солҳои охир дар баробари коҳиш ёфтани шумораи муроҷиати шаҳрвандони мамлакат барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ, ҳамзамон шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки барои ташхису табобат ба муассисаҳои тандурустии Ватани азизи мо муроҷиат мекунанд, торафт зиёд гардида истодааст, ки ин омил албатта, аз беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шароиту имконияти мусоиди ташхису табобат ва аз донишу таҷриба ва малакаи баланди кормандони соҳаи тибби мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар минбаъд низ ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшиш ва талоши худро баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона хоҳанд сохт.

Бо чунин ният ва таманниёти нек бори дигар ҳамаи табибони кишварро ба ифтихори Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб самимона шодбош гуфта, баҳрашон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва муваффақ бошед!

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,348
  • 1,747
  • 992,880