Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-юми августи соли ҷорӣ ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси донишгоҳи мазкур Алиризо Золӣ аз Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дидан ба амал овард. Дар ин сафар меҳмононро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҳамроҳӣ намуд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” яке аз муассисаҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташхису табобати беморон ба шумор меравад ва он моҳи марти соли 2016 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Дар ин ҷо меҳмонон бо фаъолияти муассисаи мазкур шинос шуда, аз рафти хизматрасонии тиббии он дидан ба амал оварданд.
Гуфта шуд, ки дар муассисаи мазкур баҳри ташхису табобати беморон тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла дастгоҳу таҷҳзоти муосири он имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бо муосиртарин усулҳои нави ташхису табобат фаро гирифта шаванд.
Дар идома ҳайати меҳмонон бо роҳбарият ва кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” вохурии судманд анҷом дода, омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо муассисаи мазкур дар самти ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа иброз доштанд.