Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат
Август 26
17:05 2024

Имрӯз, 26-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа чор масъала-“Татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва аз 30 апрели соли 2021, №174 “Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ” дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ”, “Рафти фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо назардошти баҳодиҳии раванди воридсозии тибби оилавӣ”, “Вазъи кӯмак ва хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои эндокринологӣ (аз ҷумла диабети қанд, ҷоғар ва ғ) дар муассисаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ)” ва “Рафти иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.12.2023, №776 “Дар бораи татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар соли 2024” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба масъалаи якуми ҷаласа сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Зайнулло Шарифов баромад кард.

Гуфта шуд, ки айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ дар самти хизматрасониҳои музднок 406 муассиса тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи Тартиби хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаҳои алоқаманд гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббиро анҷом медиҳанд.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2024, №458 “Дар бораи таҳлили татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва “таҳлили раванди гузаронидани муоинаҳои хатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳайати гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) аз санаи 22 июл то 3 августи соли 2024 таҳлил гузаронида шуд.

Дар идомаи баромади хеш номбурда доир ба натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ, мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот дод.

Доир ба “Баррасии рафти фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо назардошти баҳодиҳии раванди воридсозии тибби оилавӣ” сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Илҳом Бандаев маълумот пешниҳод кард.

Зимни баромади хеш номбурда иброз дошт, ки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои асосии хизматрасонӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба он пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Бо мақсади баҳодиҳии фаъолияти муассисаҳои КАТС дар ҷумҳурӣ тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 31 июли соли 2024, №512 гурӯҳи мутахассисон ба шаҳру ноҳияҳо барои таҳлили вазъ сафарбар карда шуданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолият дар самти рушди КАТС ин беҳтаркунии инфрасохтор ба шумор рафта, дар ҳамин давраи соли 2024 дар маҷмӯъ – 29 адад муассисаҳо сохта шуда, дар 60 адад муассисаҳои дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, 82 муассисаҳои КАТС аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 78 муассисаҳои дигар таъмир идома дорад.

Қайд гардид, ки новобаста ба пешрафт ва муваффақиятҳои назаррас, ҳанӯз ҳам дар соҳа мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доранд, ки аз масъулин, хостан аз роҳбарони шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳо масъулияти бештарро талаб менамоянд.

Оид ба “Вазъи кӯмак ва хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои эндокринологӣ (аз ҷумла диабети қанд, ҷоғар ва ғ) дар муассисаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ)” Тоҳир Саъдуллозода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ” маърӯза намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 августи соли 2024, №515 “Дар бораи таъсис гурӯҳи корӣ оид вазъи кӯмак ва хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои эндокринологӣ (аз ҷумла диабети қанд, ҷоғар ва ғ.) дар муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти  идоравӣ” аз 02  то  20-уми  августи  соли 2024  дар шаҳри  Душанбе, вилоятҳои  Суғд, Хатлон  (минтақаҳои  Бохтару  Кӯлоб) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дода шуда, вазъи кӯмак ва  хизматрасонии  бемориҳои эндокринологӣ (аз ҷумла диабети қанд, ҷоғар ва ғ.)  дар муассисаҳои  тибби мамлакат мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки барои ташхису табобати бемориҳои эндокринологӣ дар ҷумҳурӣ  6 муассиса, 14 шуъба ва 92 ҳуҷраи эндокринологӣ, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, 5 маркази эндокринологии вилоятӣ  ва шаҳрӣ, 14 шуъба, 92 ҳуҷра дар назди марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ  фаъолият менамоянд.

Дар баробари муассисаҳои шабакаи КАТС, ки ба ташхису табобати бемориҳои эндокринологӣ  машғул мебошанд, инчунин айни ҳол дар ҷумҳурӣ 460 кати  эндокринологӣ  фаъолият менамояд.

Дар мавзӯи чоруми ҷаласа Назархудо Дилшодов, муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад кард.

Гуфта шуд, ки самти хизматрасонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта,  дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯро касб карда, зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати  мамлакат қарор дорад.

Таъкид гардид, ки дар асоси супоришу вазифаҳои дар назди масъулони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус самти хизматрасонии иҷтимоӣ гузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” аз 5 январи соли 2008, №359, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ” аз 4 октябри соли 2013, №446, “Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ” аз 13 декабри соли 2012, №724,  фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, тавассути дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ низ сол то сол зиёд гардидааст.

Мақсади асосӣ аз рӯй овардан ба фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз як тараф рушди шаклҳои ғайристатсионарӣ ва ташаккули шаклҳои алтернативии хизматрасонии иҷтимоӣ бошад, аз тарафи дигар аз ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки аз доираи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ берун мондаанд, иборат мебошад.

Дар  охир вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 875
  • 1,236
  • 1,023,179