Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба бемории сил ҷамъбаст гардид

Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба бемории сил ҷамъбаст гардид
Август 27
14:56 2024

Бо мақсади ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустӣ дар пешгирӣ ва табобати бемории сил, моҳи январи соли равон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба ташхис, дарёфт ва табобати бемории сил эълон гардид.

Талабот ва номинатсияҳои озмун тибқи Низомнома ба ҳамаи мутахассисон дастрас карда шуд. Дар озмуни мазкур 38 шаҳру ноҳия бо таъсиси 49 даста номнавис шуда, иштирок намуданд.

Ҳамин тавр, тибқи баҳогузории ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ дастаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар номинатсияи 3 (150% ё 2,5 маротиба зиёд намудани дарёфти саривақтии бемории сил) бо нишондоди 166%  ғолиб дониста шуда, бо маблағӣ 25 000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Ҳамзамон, дастаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар номинатсияи 1 (50% ё 1,5 маротиба зиёд намудани дарёфти саривақтии бемории сил) бо нишондоди 83%  ғолиб дониста шуда, бо маблағи 9 000 сомонӣ қадрдонӣ  гардид.

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба дастаҳои ғолиб  санаи  26 августи соли 2024 дар мушовараи навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Абдулло Абдуллоев ва директори Филиали Фэмили Хелс Интернешнл-360 дар Тоҷикистон Дилшод Пулатов туҳфаҳоро ба ғолибон  тақдим намуданд.

Мукофотҳо тибқи Низомномаи озмун аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Филиали Фэмили Хелс Интернешнл-360 дар Тоҷикистон (Лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон) пардохт карда  мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки марҳилаи дуюми озмуни мазкур дар охири соли 2024 натиҷагирӣ карда мешавад ва дастаҳоро зарур аст, ки фаъолиятро дар доираи талаботи Низомномаи он ҷоннок намуда, барои расидан ба ҳадафҳои солона талош намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 959
  • 1,236
  • 1,023,263