Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Сентябр 04
15:36 2024

Имрӯз, 4-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо  Мансурӣ, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Абдухолиқ Амирзода ва кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат нахуст аз номи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишварро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи 33-юмин солгарди Истиқолияти давлатӣ табрику шодбош намуд.

Гуфта шуд, ки чун анъана ҳамасола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои бузурги миллӣ кормандони касбу кори гуногуни мамлакат барои фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Ватани азизамон  бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ  мешаванд.

Ҳамин тавр, барои натиҷаҳои назаррас нишон додан дар фаъолияти корӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мукофотҳои давлатиро  тақдим намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 546
  • 1,236
  • 1,022,850