Ифтитоҳи се иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ифтитоҳи се иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Сентябр 05
17:19 2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон имрӯз, 5-уми сентябри соли равон дар ноҳияи мазкур боз 3 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншоотҳои тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, масъулин ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур иштирок намуданд.
Муассисаҳои навбунёди тандурустӣ дар деҳаҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Сафар Гадоӣ ҷамоати деҳоти Панҷруд ва деҳаи Садбаргои ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ба шумор мераванд, ки бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гаштаанд.
 
Бо ба истифода додани чунин муассисаҳои тандурустии замонавӣ акнун сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ин ноҳия боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни ифтитоҳи муассисаҳои тандурустӣ бо аҳолии маҳаллаҳои мазкур доир ба масъалаҳои таъмини солимӣ, аз ҷумла, машғул шудан ба варзиш, истеъмоли ғизои солим, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, ки ба саломатии инсон зиёни ҷиддӣ мерасонанд ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа суҳбати озод анҷом дод.
Дар ин замина, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ёдовар шуда, ифтитоҳи боз се иншооти муосири тандурустиро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони сарбаланди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-33-солагии Истиқлолияти давлатии миллӣ арзёбӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 546
  • 1,236
  • 1,022,850