Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ
Август 21
13:52 2017

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузории даври омӯзиширо оид ба мубориза бо бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории лейшманиозҳо барои мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Қирғизистон шурӯъ намуд.

Даври омӯзишӣ дар мавзӯи “Лейшманиозҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо” рӯзҳои 21 – 26 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, давоми ҳафта дар дигар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакенти вилояти Суғд идома меёбад.

Даври омӯзишии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон доир карда шуда, дар он ҳафт нафар мутахассисони қирғиз аз таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар самти мубориза ва пешгирии бемории лейшманиозҳо огаҳӣ пайдо карда, вобаста ба ин масъала мубодилаи таҷриба хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 740
  • 1,242
  • 949,760