“Кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд”

“Кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд”
Август 31
07:44 2017

Санаи  28  августи соли равон дар шаҳри  Душанбе зери унвони  “Кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд: қонунгузорӣ ва ёрии ҳуқуқии ройгон” семинари омузишию методӣ ба кори худ оғоз намуд, ки то ба 30 август идома хоҳад ёфт.

Дар кори семинар  кормандони ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиносони муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқи”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюроҳои ёрии ҳуқуқии  12 шаҳру ноҳияҳо ва инчунин намояндагони масъули ташкилотҳои ҷамъиятии  маюбон, аз ҷумла ТҶ “НОИЛ” иштирок доранд.

Дар ин чаласаи методию машваратӣ роҳбарият ва мутахассисони варзидаю таҷрибадори идораҳои мухталифи  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои алоқаманд маърӯза намуданд.

Семинари омузишию методи бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи Лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат”  ташкил гардидааст.

Кайд кардан ба маврид аст, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо, расонидани ёрии қуқуқии ройгон ба аҳолии камбизоат яке аз масъалаҳои муҳими соҳавӣ ба шумор рафта, мақомоти ваколатдори марказии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт,  бахусус баҳри амалишавии ин мавзӯъҳо корҳои муайянеро  ба анҷом расонидаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 982
  • 1,242
  • 950,002