Таҷлили Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Сентябр 02
14:04 2017

Санаи 1 сентябри соли равон  дар    Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вобаста ба Рӯзи дониш ҷамъомад  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияти Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Гулзода Маҳмадшоҳ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, устодон ва таълимгирандагони ин муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода муҳассилин ва ҳайати устодону профессорони донишгоҳро бо фарорасии соли нави хониш, Рӯзи Дониш ва Сулҳ табрик намуда ба ҳозирин дар роҳи илм бурдбориҳо таманно намуд.

Дар навбати худ Гулзода Маҳмадшоҳ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  меҳмонон ва донишҷӯёни соли аввали хонишро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, оид ба дастовардҳову нақшаҳои Донишгоҳ дар солҳои минбада ва рисолати муҳассилини он маълумоти муфассал  дод.

Дар интиҳо ҳайати гуруҳи «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо консерти идона хотири ҳозиринро шод сохтанд. Сипас, чун анъана 1-уми сентябр дар  кафедраҳои донишгоҳ «Дарси сулҳ» доир гашт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 979
  • 1,242
  • 949,999