Бо мақсади омузиши васеи роҳҳои муоина ва табобати саратони гарданаки бачадон як гурӯҳ намояндагони муассисаҳои табобатии вилояти Суғд ба вилояти Хатлони кишвар сафарбар гардиданд.
Гуфта мешавад сафари мазкур бо мақсади омӯзиши таҷрибаи дуҷониба дар самти табобати саратони гарданаки бачадон роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳайати гурӯҳи кории вилояти Суғд сармутахассисони муассисаҳои тандурустӣ, намояндагони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази солими репродуктивии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, масъулони Маркази солими репродуктивии вилоят, намояндагони Хазинаи СММ ва дигар кормандону мутахассисон шомил буданд.
Дар рафти сафари корӣ намояндагони идораҳои мухталифи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баробари омузиш ва таҳлилу баррасии роҳҳои табобати саратони гарданаки бачадон бо ҳамтоёни худ дар вилояти Хатлон, ҳамзамон бо аҳолӣ вохуриҳои судманд доир намуданд.
Омузиши таҷриба дар самти табобати саратони гарданаки бачадон
Сентябр 14
11:02
2017