Кӯмаки хайриявии Ассостсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии маъюбон ва мактаб-интернатҳои нобиноёни Тоҷикистон.

Кӯмаки хайриявии Ассостсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии маъюбон ва мактаб-интернатҳои нобиноёни Тоҷикистон.
Сентябр 19
13:17 2017

Имрӯз дар    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии  супоридани кӯмаки хайриявии Ассостсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии маъюбон ва мактаб-интернатҳо барои кӯдакони нобино сурат гирифт.

Дар кори чорабинӣ Мирҳамуддин Камолзода,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табаров Икромиддин, сармутахассиси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Паканевич, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Тенгниев Холмаҳмад, намояндаи  Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, Бобоев Намозалӣ Бобоевич, директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор, Давлатов Турбек, раиси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ, кормандони идораҳои муфталифи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар  чорабинии мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мактаб-интернатҳое, ки кӯдакони нобино ва биноиашон суст таҳсил мекунанд, ба сифати кӯмаки хайриявӣ 500 бастакоғази чопии барои ҳуруфи Брайл мутобиқкардашуда  тақдим гардид. Ин кумаки хайриявӣ бо иқдоми  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сурат гирифт.

Дар расми баргузории чорабинӣ ва супоридани мукофотҳо ба роҳбарият ва намояндагони  мактаб-интернатҳои кӯдакони нобино ва биноиашон суст Мирҳамуддин Камолзода,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда аз ҷумла таъкид намуд, ки; “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои таъмини ҳаёти арзандаи ҳамаи шаҳрвандон ва татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи дастгирии ҳамешагии маъюбон дар мадди назари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва вобаста ба дастгирии онҳо ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.

Дар ҳамин радиф, бо назардошти муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» 29 декабри соли 2010, №675 қабул гардидааст, ки дар он кафолату имтиёзҳои зиёдебарои маъюбон пешбинӣ гардидаанд.

Дар баробари ин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳи 2017-2020”низ қабул гардид. Бо қабул гардидани ин қарор дар феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як ҳуҷҷати нави таъминкунандаи ҳуқуқу кафолатҳои маъюбон ва тавонбахшии онҳо ворид гардид. Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри дастгирии маъюбон ва дигар шахсҳои осебпазир тадбирҳои мушаххас меандешад. Масъалаи мазкур дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон низ ироа гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар  «Барномаи миллии  тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” тадбирҳои мушаххас нисбати баланд бардоштани сатҳи донишҳо ва маърифати ҳуқуқии маъюбон андешида шуда, тадриҷан амалӣ гардида истодаанд.

Тайёр намудани маводи таълимӣ бо ҳуруфи Брайл аз ҷумлаи тадбирҳои амалигашта  мебошад. Дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки шарики боэътимоди мо маҳсуб меёбад,Барномаи мазкур бо ҳуруфи Брайл чоп гардида, ба Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонида шуд. Ин амал имкон дод, ки аъзоёни ҷамъияти мазкур бо “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳи 2017-2020” ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати беҳдошти саломатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи маъюбон аз наздик ошно гарданд.

Боиси хушнудист, ки  бо иқдоми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣаз ҷониби Ассотсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мактаб-интернатҳое, ки кӯдакони нобино ва биноиашон суст таҳсил мекунанд, ба сифати кӯмаки хайриявӣ 500 бастакоғази чопии барои ҳуруфи Брайл мутобиқкардашуда ба маблағи беш аз 150 000 доллари ИМА тақдим мегардад. Ин амали башардӯстона  имкон медиҳад, ки  мушкилоти мавҷудаи корбарӣ дар коргоҳи асосӣ ва филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни  Тоҷикистон, ҳамчунин мактаб интернатҳо тадриҷан ҳалли худро ёбад.

Итминони комил дорам, ки дар оянда низ ҳамкориҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт ва чун  узвҳои як пайкар ҳамеша барои ҳалли масъалаҳо, мушкилоти бамиёномадава пешбурди фаъолиятҳо бо дастгирии якдигар кору зиндагӣ хоҳем кард.

Аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки мақоми ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ба роҳбарияти Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Паканевич ҷиҳати иқдоми навбатиашон миннатдорӣ баён намуда,умед дорам, ки тавассути ин ташкилоти мазкур густариши робитаҳои судманди минбаъда байни Ассотсиатсияи нобиноёни Италия ва Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон таъмин хоҳад гашт”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 955
  • 1,242
  • 949,975