Имрӯз дар шаҳри Душанбе курси Флагманӣ, ки онро курси Барселонӣ низ меноманд, ба кор шурӯъ кард. Курси мазкур давоми панҷ рӯз ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, аз ҷумла роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, хадмотҳои назоратии соҳа, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ нозукиҳои маблағгузориро дар соҳаи тандурустӣ меомӯзонад. Чунин курсҳо, ки аслан ҳамасола дар Барселона доир мегарданд, бо кӯшишу дастгирии бевоситаи Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, ин навбат дар шаҳри Душанбе созмон дода шуд.
Дар маосими ифтитоҳ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич, роҳбари Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ширкат варзида, баргузор гардидани чунин як даври омӯзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди потенсиали касбии кормандони соҳаи тандурустӣ мусоид арзёбӣ карданд.