Воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни ВНМО» муаррифӣ гардид

Воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни ВНМО» муаррифӣ гардид
Сентябр 29
03:06 2017

Санаи 28 сентябри соли равон  дар Душанбе воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни бемории масунияти норасоии инсон (ВНМО)» муаррифӣ гардид.  Ба иттилои дастрас воситаи таълимӣ бо ташаббусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи  дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон    дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Беҳтар намудани  хизматрасонии иҷтимоӣ ва сифати таълим дар соҳаи кори иҷтимоӣ дар доираи ВНМО»   дар зарфи ду сол омода гардидааст.

Ҳадаф аз таҳияи  воситаи таълимӣ омода намудани мутахассисони варзида дар бахши кор бо гирифторони бемории  масунияти норасоии инсон мебошад.

Таъкид шуд, ки барномаи мазкур аз ҷониби  донишҷӯён ва устодони  шуъбаи «кори иҷтимоӣ» ва «хизматрасониҳои иҷтимоӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар ҷараёни корҳои  амалӣ истифода бурда мешавад. Барномаи омӯзишӣ барои кормандони бахши иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо ба таъмини хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ба гирифторони    ВНМО нигаронида шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар муаррифии воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни бемории масунияти норасоии инсон (ВНМО)»  Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон зикр кард, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории масунияти норасоии инсон тадбирҳои муассир андешида, корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Қабули Барномаи миллӣ  барои солҳои 2017-2020, инчунин таъсиси Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории масунияти норасоии инсон аз ҳамин қабиланд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 710
  • 1,242
  • 949,730