Либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

Октябр 11
11:43 2017

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сару либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ намудааст.

Хотиррасон менамоем, ки иқдоми мазкур дар  асоси супориши протоколи ҷаласаи машваратии назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Адуҷаббор Раҳмонзода,  тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.

Дар асоси ин иқдом сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вазифадор гардидаанд, ки  кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд.

Иҷрои супориши мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 964
  • 1,242
  • 949,984