Хизматрасонии соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ ворид гардидааст

Хизматрасонии соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба стандартҳои байналмилалӣ ворид гардидааст
Октябр 11
15:20 2017

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар ин замина мутобиқ гардонидани хизматрасонии соҳаи тибби кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо  кушиш ва заҳматҳои давлату ҳукумати кишвар давра ба давра дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ  дигаргуниҳои куллӣ ба миён меояд. Ба фаъолият шуруъ намудани марказҳои саломативу тандурустӣ, ифтитоҳи бунгоҳҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муоссир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустӣ,  омода намудани мутахасисони соҳавӣ ва ифтитоҳи озмоишгоҳҳои муоссир ва мутобиқ ба талаботи давр, тадбирҳои амалии давлату ҳукумат дар ин самт дониста мешавад.

Ба фаъолият шурӯъ намудани Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”  бо таҷҳизоту лавозимоти муосири соҳавӣ дар соли 2017, яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи тибби ҷумҳурӣ тули солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли 2017 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд.

Зикр бояд кард, ки дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Иншооти “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”   аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2-ро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм  озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон ҷойгир шуааст.

Инчунин, тамоми кормандони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоиширо бо кумаки ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаштанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар маҷмуъ имрӯз “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 236 намуди ташхисҳоро дар вақти кӯтоҳ ва бо сифати бисёр баланд мегузаронад. Аз ҷумла ташхиси умумии хун ва пешоб, ташхиси биохимиявии хун, ташхиси лахташавии хун, ташхисҳои иммунологӣ, гепатитҳо, муайян намудани сатҳи ҳормонҳо, ташхиси сурхча, таксоплазмол, ситомегаловирус, сифилис, скрининг, хламидиоз, трихоманиаз, уреаплазма, вируси герпес, вируси папиломаи одам, таҳлилҳои ситологӣ ва гистологӣ, таҳлилҳои бактериологӣ, ташхиси барангезандагони бемориҳои гуногуни сироятии рӯда, ташхиси бурселёз, ревматизм ва ҳамчунин намудҳои гуногуни касалии саратон.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки бартарии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”  дар  ташхисҳои  дақиқи он буда,   ҳамзамон бартарии навбатӣ дар   фаврияти кор унвон мегардад.  Зимни суҳбат бо мутахассисони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” муайян гардид, ки   агар қаблан  хуни ҳар як бемор дар алоҳидагӣ ташхис мегардид, таҷҳизотҳои муассиса  имкон фароҳам сохтааст,  дар як соат якбора то 60 нафар аз  ташхис гузаронида шавад. Ҳамзамон барои бадаст овардани таниҷаи ташхиси хун бемор бояд ҳамагӣ 1 рӯз мунтазир шавад. Мутахассисони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” иброз медоранд, ки;  “бартарии дигари озмоишгоҳи мо дар махфияти амалиётҳо ва нигоҳ доштани сирру асрори беморон аст. Ба ҷойи навиштани ному насаби беморон мо ба ҳар як мизоҷ коди махсус гузошта, онро ба система ворид менамоем. Бемор метавонад аз хонааш набаромада, коди худро дар компютер ворид намояд ва тариқи интернет аз натиҷаи ташхис огоҳ гардад. Ин бисёр қулай ва осон аст. Бемор ҳам вақташро сарфа мекунад ва ҳам сирру асрори бемориаш пӯшида мемонад”.

Инчунин мутахассисон бар он боваранд, ки Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз озмоишгоҳҳои машҳуре, ки имрӯз дар Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Маскав ва дигар давлатҳо ҳастанд, тафовуте надорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760