Озмоишгоҳи миллии референсӣ бояд беҳтарин маркази ҷумҳуриявии лабораторӣ гардад

Озмоишгоҳи миллии референсӣ бояд беҳтарин маркази ҷумҳуриявии лабораторӣ гардад
Октябр 11
15:10 2017

Имруз ҷаласаи машваратии назди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода доир гардид, ки дар он  иҷрои банди 17 фасли II аз протоколи №9 маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2017 ҷиҳати истифодаи самараноки таҷҳизоти пешқадами муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”  мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Зимни сӯҳбат бо мутахассисони варзидаи озмоишгоҳ  Насим Олимзода таъкид дошт, ки вусъат бахшидани фаъолияити “Озмоишгоҳи референсӣ”, ки дорои тамоми дастгоҳҳои муосир ва шароитҳои ташхисӣ мебошад, ба фоидаи тамоми мардуми кишвар буда, фаъолияти хубу босамари он  барои ташхиси саривақтӣ ва  табобати дурусту босифат мусоидат хоҳад кард.

Дар робита бо  иҷрои  супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои банди 10 протоколи №025-2/10-80 ҷиҳати истифодаи пурраи таҷҳизоти озмоишгоҳ, ҳамкории зич бо дигар муассисаву марказҳои тандурустӣ ва баланд бурдани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ масъулону мутахассисони озмоишгоҳ вазифадор карда шуданд, ки ҳамкориро бо муассисаҳои дигари ташхисиву табобатӣ ба таври  васеъ ба роҳ монда, тамоми таҳлилҳои заруриро саривақт ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Ҳамчунин,  дар робита ба иҷрои супориши дигари протоколи мазкур барои тарғибу ташвиқи бештари  фаъолияти озмоишгоҳи номбурда тариқи шабакаҳои  телевизион ва радиои  Тоҷикистон барномаҳо ва ролики тарғиботӣ таҳия гардидааст. Ҳамзамон дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфасал пешкаши хонандагон гардонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки бартарии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”  дар  ташхисҳои  дақиқи он буда,   ҳамзамон бартарии навбатӣ дар   фаврияти кор унвон мегардад.  Зимни сӯҳбат бо мутахассисони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” муайян гардид, ки   агар қаблан  хуни ҳар як бемор дар алоҳидагӣ ташхис мегардид, таҷҳизотҳои муассиса  имкон фароҳам сохтааст,  дар як соат якбора то 60 нафар аз  ташхис гузаронида шавад. Ҳамзамон барои ба даст овардани натиҷаи ташхиси хун бемор бояд ҳамагӣ 1 рӯз мунтазир шавад. Мутахассисони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” иброз медоранд, ки;  “бартарии дигари озмоишгоҳи мо дар махфияти амалиётҳо ва нигоҳ доштани сирру асрори беморон аст. Ба ҷойи навиштани ному насаби беморон мо ба ҳар як мизоҷ коди махсус гузошта, онро ба система ворид менамоем. Бемор метавонад аз хонааш набаромада, коди худро дар компютер ворид намояд ва тариқи интернет аз натиҷаи ташхис огоҳ гардад. Ин бисёр қулай ва осон аст. Бемор ҳам вақташро сарфа мекунад ва ҳам сирру асрори бемориаш пӯшида мемонад”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 960
  • 1,242
  • 949,980