Фаъолияти лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” назаррас арзёбӣ шуд

Фаъолияти лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” назаррас арзёбӣ шуд
Октябр 13
18:57 2017

Имруз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода  намояндагони Бонки Умумиҷаҳониро, ки  дар самти  танурустӣ фаъолият доранд, ба ҳузур пазируфт. Ҳайати намояндагонро хонум Ха Ти Нгуен, муҳосиби калони бахши тандурустӣ, роҳбари Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ба ӯҳда дошт. Вазир зимни суҳбати самимӣ бо  меҳмонон иброз дошт, ки аз рафти амалисозии лоиҳа қаноатманд аст ва ин  лоиҳа тавонист дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон  барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ тариқи пешниҳоди  маблағҳои иловагӣ ва сохтмони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ саҳми сазовор гузорад.

Зимни  сӯҳбат вазир  Насим Олимзода  барои  фаълияти пурсамар ба роҳбари собиқи лоиҳа хонум Ха Ти Нгуйен изҳори сипос намуда, ба роҳбари нави лоиҳа хонум Хуэйхуэй Вонг дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият комёбиҳо таманно намуд. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки барои фаъолияти минбаъдаи лоиҳа дар ноҳияҳои кишвар тамоми саъю кушишашро равона сохта, барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ба рафти амалишавии лоиҳа дар даҳ ноҳияи таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон баҳои баланд доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 722
  • 1,242
  • 949,742