Ҳафтаи ҷарроҳии дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 солаи гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил ҷамъбаст гардид

Ҳафтаи ҷарроҳии дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 солаи гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил ҷамъбаст гардид
Ноябр 03
14:01 2017

 

Имрӯз дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  вобаста ба ҷамъбаст гардидани ҳафтаи    ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола, ки гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил ҳастанд, ҷамъомад баргузор гардид.

Хотиррасон менамоем, ки оғоз аз 25 октябр то имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Фонди хайриявии “Лона”, инчунин зери сарпарастии  Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  даври гузаронидани ҷароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола ба тариқи ройгон сурат гирифт.
Иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шуда, баҳри баргузор намудани  ҷаррориҳои дил ва солимгардонии кӯдакону наврасони синни то  18 сола зиёда аз 23 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷароҳии дилу рагҳои 13 кишвари ҷаҳон аз қабили Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср, ва ғайра ҷамъ омада буданд.
Дар рафти гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони дили кӯдакону наврасони то 18 сола мутахассисони варзидаи тоҷик низ ҷалб гардида  буданд.

Бояд зикр намуд, ки таи рӯзҳои гузаронидани ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола зиёда аз 60 нафар, ки бино бар доштани  бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор дошта буданд, ба тариқи ройгон ва дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд.

Ҷамъомади имрӯза бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва масъулони  идораву сохторҳои дахлдор ва бо ҳузури меҳмонони 13 кишвари хориҷ сурат гирифта, дар рафти он аз ташкилгарон ва саҳмгузорони ҳафтаи ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сипосгузорӣ карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони  соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо дар ҳамкорӣ бо  Фонди хайриявии “Лона”,  Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб вобаста ба ҳамкориҳо изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, баҳри ташкили чунин иқдоми хайрхоҳона ва дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд, изҳори сипос намуданд.

Намояндагони Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб низ дар навбати худ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Ба иттилои дастрас таи як ҳафтаи ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони дили то 18 зиёда аз 400 нафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, ба иқрори мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 13 кишвари хориҷ танҳо дар ин давра нафарони зери хатар қарордошта ҷарроҳӣ карда шуданд. Аммо ба гуфтаи мутахассисон чунин чорабиниҳо, яъне ба тариқи ройгон ҷарроҳӣ намудани кӯдакони камбизоати гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил маротибаи охир набуда таи моҳҳои наздик боз ҳам ташкил ҳохад ёфт.

Баъд аз ҷамъбасти чорабинии  мазкур дар толори консертии  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  маросими туҳфасупорӣ ба кӯдакони ҷарроҳигардида сурат гирифта дар рафти он баҳри болидарӯҳии кӯдакону наврсони табобатёфта ва меҳмонону ҷамъомадагон чорабинии фарҳандӣ-фароғатӣ сурат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки идомаи иқдоми  хайрхоҳонаи мазкур     маротибаи дигар таи моҳи феврали соли 2018   дар назар гирифта шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732