Ноябр 07
13:30
2017
Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тарғиби либоси миллӣ ва дар ин замина ҳифз намудани фарҳанги аҷдодӣ, бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занони шаҳри Қӯрғонтеппа дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, колеҷи тиббии шаҳрӣ, маркази саломатии шаҳр (КАТС), Маркази тибби оилавӣ ва Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомад баргузор шуд.
Ба иттилои дастрас ҳадафи аслии баргузор намудани ҷамъомадҳо тарғиби либоси милллӣ миёни бонувон ва инчунин ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ аз омехташавӣ ба фарҳангу тамаддуни барои миллати мо бегона унвон мегардад.