Бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беморхонаҳои Ҳиндустон яке аз масъалаи аслие буд, ки дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гош, котиби дуюми сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шубан Кришен ва аташеи сафорат Ҷаноби Панкаҷ Дианиро мавриби баррасӣ қарор гирифт.
Хотиррасон менамоем, ки бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беморхонаҳои Ҳиндустон, имкон фароҳам меоварад, ки ҳангоми гузаронидани амалиётҳои тиббӣ аз таҷрибаи якдигар истифода намуда, машваратҳои судманд низ истифода гардад.
Ҳамзамон дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо масоили густариш додани ҳамкориҳои судмандро миёни вилояти Хатлон ва Ҳиндустон дар заминаи ташкил намудани маркази саноатӣ, ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.