Тадбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017- натиҷагирӣ карда шуд

Тадбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017- натиҷагирӣ карда шуд
Ноябр 14
11:15 2017

Чанде қабл дар толори маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии вазъи тадбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва созишномаи Соҳавӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018, дар давраи солҳои 2015-2016 ва 9 моҳаи соли 2017 ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон,  Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони идораҳои мухталифи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷамъомади мазкур зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи он масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар Созишномаи генералӣ дарҷ гардида буданд, дар корхонаю муассисаҳои соҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, масъалаҳо вобаста ба рушди бештари иҷтимоию иқтисодии мамлакат, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани саҳми ҷавонон, занону духтарон дар рушди ҳаёти ҷомеа, танзими муҳочирати корӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва коҳиш додани раванди муҳоҷират бо роҳи муҳайё намудани ҷойҳои корӣ дар дохили мамлакат мавридӣ амал қарор гирифтаанд.

Зимни баромади хеш Мирҳамуддин Камолзода, зикр намуд, ки “Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   як қатор муассисаҳои тандурустӣ бунёд гардида, қисми дигар таъмир ва азнавсозӣ гардиданд. Инчунин барои коҳиш ва пас намудани бемориҳои сироятӣ, таъмини шаҳрвандон бо маводи босифати доруворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва омода намудани мутахассисон як қатор тадбирҳо амалӣ карда шуданд. Ҳамзамон давра ба давра ворид гардидани таҷҳизоти муосир ва техналогияи замонавии соҳавӣ ба беҳтар гардидани сифати ташхис, муоина ва табобат такони ҷиддӣ дода, инчунин ба натиҷае расидааст, ки имрӯз ба кишварҳои хориҷ ҷиҳати ба табобат рафтани  шаҳрвандон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Инчунин нишондиҳандаҳои вафти кӯдакон ва модарон хеле коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид. Сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид ва дар ин замина дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт”.

Дар чамъбасти чорабинӣ инчунин   кабмудиҳои дар соҳа ҷойдошта мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта роҳу василаи  саривақт бартараф гардидани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 997
  • 1,242
  • 950,017