Нишасти матбуотӣ дар доираи САММИТ – 7

Нишасти матбуотӣ дар доираи САММИТ – 7
Ноябр 27
10:14 2017

Дар доираи  ҳамоиш бахшида ба Шарҳи якҷояи соли ҳафтуми  татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар  Маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон сурат гирифт.

Дар нишасти матбуотӣ  дастовардҳои умумӣ ва вазъи  татбиқи соли ҳафтуми амалишавии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Нишасти матбуотиро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода  ифтитоҳ намуд. Ба саволҳои  рӯзноманигорон Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила ва Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфтанд.

Аҳли нишастро бештар масъалаҳои сатҳу сифати амалишавии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», масъалаҳои мубраме, ки ба ин Стратегия ворид шудааст ва нақшаҳои минбаъдаи вазорат барои амалинамоии масоиле, ки ин ҳуҷҷат дарбар нагирифтааст, ба худ ҷалб намуд. Омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои дилу рагҳо,  воридоту истифодаи технологияи  муосир ва истифодаи дурусту самараноки онро ёрдамчии вазир Дилором Содиқова ба рӯзноманигорон пурра шарҳ дод. Сабаби кам гардидани маргу мири модарону кӯдаконро бошад Шералӣ Раҳматуллоев дар боло рафтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасӣ ба технологияи муосир маънидод кард. Дарозумрии аҳолии кишварро Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишондиҳандаҳои пешравии соҳа маънидод кард.

Дар поёни сӯҳбат ёрдамчии вазир Дилором Содиқова аз ҳамаи рӯзноманигорон барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипос намуда, даъват ба амал овард, то дар кори ҳамоиш иштирок намуда, аз пешрафту дастовардҳои назаррас ва нақшаҳои минбаъдаи соҳа огаҳ шаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 932
  • 1,242
  • 949,952