1 декабр бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар якҷоягӣ бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО дар ноҳия чорабинии фархангӣ-иттилоотӣ, аксияи иттилоотӣ, таҳлили хун, ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Абдусаломзода А., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Х., муовини сартабиби ноҳия Назаров, кормандони Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар ноҳия ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода А. суханронӣ намуда, доир ба ин хатари номатлуби таҳдидовар миёни ҷавонон изҳори андеша намуда, ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуд.
Пеш аз қисати фарҳангӣ дар маркази ноҳия ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аксияи иттилоотӣ гузаронида шуд, ки ҳазор дона маводҳои иттилоотӣ (брашураҳо) аз тарафи ихтиёриёни назди бахш ба шаҳрвандон тақсим карда шуд. Инчунин дар ин рӯз ҷавонон ба таври ройгон аз таҳлили хун гузашта аз саломатии худ хабардор шуданд.
Дар қисмати дигар мусобиқаҳои шоҳмот ва шашка, викторина, саволу ҷавоб байни наврасону ҷавонон гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи фарҳангии омода намудаи хеш таъби ҳозиринро болида гардониданд.