Натиҷагирӣ аз тадбиқи карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023″

Декабр 19
12:02 2017

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон   бо мақсади дар амал тадбиқ намудани  карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012,  «Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023″, ҷиҳати   паст намудани сатҳи гирифторшавии сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ,    кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ, ба монанди тамокукашӣ, ғизои носолим, истеъмоли машруботи спиртӣ як катор корҳоро ба сомон расонидааст. Ин нуқта дар Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки чанде қабл баргузор гардид, садо дод.

Дар рафти чорабинии мазкур гуфта шуд, ки дар доираи   карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023″ нисбати бемориҳои саратонӣ дар шаҳри Қурғонтеппа  конфоронси илмӣ-амалӣ “Масъалаҳои саратоншиносии муосир” бо иштироки олимони Шветсария ва инчунин доир ба ин масъала    бо дастгирӣ Хазинаи Нуфуси Аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид (UNFPA) дар ноҳияи таҷрибавӣ Бохтар дар мавзӯӣ “Пешгири намудани омоси бадсифати сараки гарданаки бачадон” гузаронида шуданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Қурғонтеппа дар асоси Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузор намудани чорабинии «Корвони саломатӣ» бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  ‎2013-2023» бо иштироки  ҳамаи мутахассисиони Марказҳои вилоятӣ,  клиникаи мобилии Маркази бемориҳои сили вилоят, клиникаи мобилии саёри хунгирии Филиали муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри  Қӯрғонтеппа  ва бо иштироки зиёда 100 нафар мутахассисони баландпояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.   Инчунин дар рафти чорабинӣ гушаҳои гиёҳдармонӣ ташкил гардида, дар рафти он ба миқдори 12000 адад   варақаҳои иттилоотӣ  оиди бемориҳои сироятӣ, ВИЧ/СПИД, бемории сил, фишорбаландӣ, синамаконӣ, бемории ҷоғар ва аҳамияти эмгузаронӣ аз тарафи кормандони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ба аҳолӣ тақсим карда шуданд.  Дар чорабинии мазкур зиёда аз 7000 нафар шаҳрвандон аз   хизматрасонҳоии тиббӣ бархурдор гардиданд.  Дар рафти чорабинӣ ба 10 нафар маъюбон аробачаи маъюбӣ тақсим карда шуда,   ба 14-нафар беморон   ҷарроҳии ройгон гузаронида шуд. Ҳамзамон  ба 8–нафар компютери томографӣ, 38 нафар рентгенӣ, 270 нафар ташхиси ултрасадо, 322  муоинаи ВНМО, 42 нафар гуруҳи хун  ва  280 нафар тахшхиси ЭКГ гузаронида шуданд.

Дар самти корҳои оммавӣ фаҳмондадиҳӣ    таҳти унвони Корвони маърифат, нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи баргузор намудани чорабинии маърифатию иттилоотӣ таҳти унвони «Корвони маърифат», бо ҷалби ҳамаи мутахассисони варзидаи соҳаҳои тандурустии маркази вилоят «Корвони саломатӣ» таъсис ёфта, аз санаи 28 январи соли 2017 то 17 июни соли 2017   дар 26 шаҳру ноҳияҳои  вилоят «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд. Зимни баргузории чорабиниҳо  34679 нафар муроҷиаткунандагон ба таври ройгон аз муоинаи тиббӣ бархурдон гардиданд.

Дар чорабинии мазкур вобаста ба фаъолияти Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим гуфта шуд, ки  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, бо дар назардошти баргузории ҳамасолаи «Рузи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар доираи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои   ‎2013-2023»   зери шиори «Депрессия: биёед гуфтугӯ мекунем!» дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, «Рузи дарҳои кушод» машварат ,ташхис ва амалиёт ба таври ройгон анҷом дода шуд.  Дар якҷоягӣ бо мутахассисони  сироятшиноси Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи  Б.Воҳидов  вобаста  ба ташхиси заҳролудшавӣ аз токсини бемории “Ботулизм” ва бемории мавсимии “Табби хунин” дар байни табибони сироятшинос ва эпидемиологҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят омӯзиш гузаронида шуд.

Дар охири ҷаласаи корӣ  нисбати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин      бо мақсади пешгирии  беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  ‎2013-2023», нисбати эмгузаронӣ, ва фаъолияти   дар доираи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020”, оид ба рушд ва фазои иттилоотии аҳолӣ беҳтар намудани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, ба эътидол нигоҳ доштани вазъи санитарию эпидемиологии вилоят ва ба самти дурусту самарабахш равона сохтани фаъолияти сохторҳои тиббӣ ба ҷамъомадагони чорабинӣ дастур ва супоришҳои катъӣ дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 640
  • 1,242
  • 949,660