“Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори ҳамешагии мост

“Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори ҳамешагии мост
Декабр 27
11:08 2017

Имрӯз бо мақсади натиҷагирӣ аз Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ  баргузор гардид.

Ҷаласаи  мазкур бо роҳбарии Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар кори он  сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои назорати давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии пешгириву шифоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ, менеҷерони шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сармутахассисони тахассусии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Паёми   Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ натиҷагирӣ карда шуда, ҳамзамон дар рафти он масоили мухталифи  иҷрои иқдомҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар вобаста ба   дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифт.

Дар оғози  ҷаласа Насим Олимзода Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуҷҷати калидии  фарогири  масъалаҳои стратегии сиёсиву иқтисодии дохил ва хориҷи кишвар номида, ҳамзамон иброз дошт, ки “Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Паём тамоми  ҷабҳаҳои асосии ҷомеаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дарпешистодаро  матраҳ месозад”.

Инчунин,   дар ҷаласаи  мазкур аз  камбудиҳои ҷиддиву эродҳои баённамудаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём  дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор  дода шуд.

Вобаста ба эродҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём дар самти тандурустӣ, ки омадааст: «Дар Паёми соли гузашта доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ изҳори нигаронӣ карда будам. Вале вазъият дар ин самт то баҳол беҳтар нагардидааст.»

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо дар ҷаласаи корӣ масъалаи таъмини дорувории хушсифат ва роҳу усулҳои истеҳсоли ҳарчи зиёди доруворӣ дар кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар чорабинӣ инчунин масъалаи   сиёсати давлатии ҷавонон, тайёр намудан ва имтиёзи корӣ додан ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ, ки ин нуқта низ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дарҷ гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Дар интиҳои ҷаласа Насим Олимзода татбиқи супоришҳои дар Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо, бахусус соҳаи тандурустӣ вазифаи аввалиндараҷаи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида,  бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта ва ҷиҳати боз ҳам равнақ додани фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар кишвар ба масъулин дастур ва супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷониби Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд роҳнамои рӯимизии фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як хизматчии давлатӣ гардад. Тавре Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: “Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем”.

Дар охири ҷаласа   сардорони идораҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри гузаронидани чорабиниҳо  дар ҳама муассисаҳои тандурустии кишвар вобаста ба ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор дар самти таҳияи нақшаҳои чорабиниҳои иҷроиши супоришҳои Сарвари давлат дар муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориши қатъӣ гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983