Дар кишвар боз 31 адад дастгоҳи муосири генетикӣ бо унвонии GeneXpert (Ҷен эксперт) ворид карда шуд

Дар кишвар боз 31 адад дастгоҳи муосири генетикӣ  бо унвонии  GeneXpert  (Ҷен эксперт) ворид карда шуд
Декабр 29
07:30 2017

Санаи 28 декабри соли равон  дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” маросими расмии супоридани 31 адад дастгоҳҳои муосири генетикӣ  бо унвонии  Gene Xpert  (Ҷен эксперт) сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки дастгоҳҳои муосири соҳавии  ба кишвар воридгардида, барои ташхиси саривақтии беморон хизмат расонида, инчунин ба кадом намуди сил гирифтор будани беморро дар кутоҳтарин муҳлат муайян менамояд.

Ба иттилои дастрас  як адад  дастгоҳи  муосири генетикии    (Ҷен эксперт)  имкони ба 1 миллион нафар аҳолӣ  хизмат расониданро доро мебошад.   То ба имрӯз дар муассисаҳои табобатии бемории сили манотиқи кишвар  фаъолияти  14 дастгоҳи муосири генетикии (Ҷен эксперт) бароҳ монда шудааст. Аммо аз сабаби танқиси  доштани аҳолии дурдасти кишвар аз дастрасӣ  ба чунин таҷҳизоти тиббӣ,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тасмим гирифт, ки бо мақсади боз ҳам беҳтару худтар бароҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар саросари кишвар шумораи чунин дастгоҳҳои зарурии соҳавиро бештар намояд ва дар заминаи он мушкилоти сокинон аз байн бардошта шавад. Чунин назари хайрхоҳона буд, ки 31 адад дастгоҳҳои муосири генетикӣ  бо унвонии  Gene Xpert  (Ҷен эксперт) ба кишвар ворид гардида дар рӯзҳои наздик ин дастгоҳҳо дар 31 муассисаҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил насб карда мешаванд.

Месазад қайд намуд, ки ба воситаи дастгоҳи муосири генетикии  Gene Xpert табибон имкон пайдо менамоянд, ки дар фурсати кутоҳ   шахси ба бемории сил гирифторшударо дарёфт намуда, ба кадом намуди сил гирифтор будан ва ба кадом дорухои зиддисилй мутобикат доштани беморро  муаяйан созанд ва дар заминаи он ба маризони бемории сил табобати дурусту саривақтӣ бароҳ монда шавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,114
  • 1,242
  • 950,134