Табибони Кӯлоб: «Паёми Пешвои миллат масъулияти моро дучанд кард»

Табибони Кӯлоб: «Паёми Пешвои миллат масъулияти моро дучанд кард»
Январ 13
12:05 2018

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар Беморхонаи сироятии шаҳр   ҷиҳати баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ баргузор  намуд.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ  зикр  намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола  иброз доштанд, ки   дар соҳаи тандурустии мамлакат  бо вуҷуди пешравиҳо,  як зумра камбудиҳо низ мавҷуданд.  Аз ҷумла,   Сарвари давлат вобаста ба воридот ва муомилоти доруҳои пастсифат,  муносибати хунукназаронаи баъзе табибон,  кам истифода бурдан аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, рушди нокифояи саноати дорусозӣ ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Президенти мамлакат ҳамчунин таъкид намуданд, ки  саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти давлат  мебошад.

Иштирокдорон ҳамчунин дигар паҳлуҳои Паёми Пешвои миллатро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар мулоқот кормандони  соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб зикр карданд, ки  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва он нуктаҳоеро, ки дар Паём зикр гардидаанд,  сармашқи кори худ қарор дода,  тамоми имкониятҳоро ба кор мебаранд, то камбудиҳои зикршуда ислоҳ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таъмин гардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 997
  • 1,242
  • 950,017