Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон
Январ 23
11:26 2018

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш дар баробари дигар масъалаҳо, вобаста ба амалишавии як қатор барномаҳои давлатӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар соҳаи тандурустии кишвар ёдрас гардида, таъкид бар он дошт, ки ба хотири ҳифзи сиҳатии омма ва фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ барои табибон, таъмиру азнавсозии иншооти гуногуни соҳа ҳанӯз ҳам идома дорад. Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз зумраи он лоиҳаҳое мебошад, ки тӯли чор сол ин ҷониб дар 5 ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон амалӣ гашта, биноҳои 12 маркази саломатии КАТС-ро бо тарҳи нави меъморӣ аз нав бунёд намуда истодаанд.

Тибқи нақша имрӯзҳо корҳои азнавсозӣ дар 12 маркази саломатии деҳотӣ бо суръати баланд идома дошта, сохтмончиён бо як азму иродаи қавӣ аллакай 90% корҳоро ба сомон расонидаанд. Мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмониро бо сатҳу сифати баланд идома бахшида, дар ободу зебо намудани маҳалли зисти хеш ҳисса мегузоранд. Анҷом додани чунин корҳои ободонию созандагӣ дар баланд гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуда, барои нафарони зиёди бешуғл ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.

Биноҳои навсохт бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, оби нӯшокӣ, ҳуҷраҳои корию хизматрасонӣ, таҳлилгоҳ, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, генератор, мизу курсӣ, ҷевону яхдон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, умед аст, ки баъди ба пуррагӣ анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам баланд бардошта хоҳад шуд.

Барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳама шароити лозима фароҳам оварда шуда, дар 5 ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ, биноҳои хуштарҳи замонавӣ барои духтурону ҳамшираҳои шафқати марказҳои саломатии деҳотӣ аз нав сохта мешавад, ки бо назардошти Лоиҳа 8 иншооти навсохта дар арафаи ҷашнҳои Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

khatlon-ruznoma.tj/2104-aznavsozii-19-muassisai-tibb-dar-hatlon.html

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 680
  • 1,242
  • 949,700