Таҷлили “Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”

Таҷлили “Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”
Январ 25
14:07 2018

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили “Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” ҷаласаи  идона баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он  муовинони вазир, доираи васеи кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола  дар кишвар   тибқи қонунгузории ҷорӣ ҷашнҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ ва рӯзҳои касбии кормандони соҳаҳои гуногун таҷлил мегарданд.  Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 28 декабри соли 2012 таҳти №917 қабул гардида, рӯзи 25 январ – Рӯзи кормандони соҳаи   меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян гардидааст.

Насим Олимзода, зимни суханронии хеш кулли  кормандони  соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо ҷашни касбӣ  табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки; “Ба рӯзҳои ид ворид намудани Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз таваҷҷӯҳи давлат, махсусан,  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ва меҳнати содиқонаву самараноки кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри амалишавии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат моро имрӯз ба ҳам овард, то ин рӯзи сайид, Рӯзи касбии кормандони соҳаро таҷлил намоем”.

Дар рафти ҷаласа, ҳамзамон Насим Олимзода  фаъолон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо нишони Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.

Насим Олимзода  ҳамзамон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат мавқеи хосаи худро дошта, бо ташаббуси Пешвои миллат баҳри рушди он ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

“Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки вобаста ба рушди он      тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ин иқдоми навбатӣ  кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуда, ҳамзамон вазифадор менамояд, ки барои  иҷрои  вазифаю ӯҳдадориҳои худ баҳри хизматрасонии шахсони осебпазир ва ниёзманд  бештар кӯшиш намоянд. Ҳамчунин, ҳамаи сохторҳои дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  фаъолияткунанда вазифадор карда мешаванд, ки дар соли 2018 бо назари нав дар партави Паёми роҳнамои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ба роҳ монда, натиҷаҳои бештар ба даст оваранд”- гуфт Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни баргузории ҷаласа инчунин гуфта шуд, ки дар арафаи рӯзҳои касбӣ қадрдонӣ намудани кормандони  соҳа ба ҳукми анъана даромадааст. Вобаста ба ин роҳбарияти вазорат қарор додааст, ки кормандони  пешқадами соҳаро бо назардошти саҳми арзандаашон ва меҳнати пурсамараашон ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мукофотҳои соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қадрдонӣ намояд.

Насим Олимзода  дар расми ҷамбасти ҷаласаи идона, ҳамзамон гуфт;  “Итминони комил дорам, ки ҳамаи кормандони соҳа, махсусан шахсоне, ки бо мукофотҳо сарфароз гардидаанд, дучанд меҳнат карда,  вазифаҳои худро содиқона иҷро намуда, дар рушди минбаъдаи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳми худро мегузоранд”.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 693
  • 1,242
  • 949,713