Беморхонаҳои марказии минтақаҳои дурдасти вилояти Хатлон бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳаз гардиданд

Феврал 01
13:14 2018

Имрӯзҳо бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои пайгиронаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустии кишвар чӣ аз нигоҳи илмӣ ва чӣ аз нигоҳи амалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Таи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии нав ба ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ, ворид намудани техналогияҳои муоссири тиббӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ дар сарори кишвар, бароҳ мондани усулҳои нави табобату ҷарроҳӣ дар мамлакат далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Маҳз дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таи рӯзҳои охир якчанд Беморхонаҳои марказии минтақаҳои дурдасти кишвар бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, якчандтои дигар таъмир шуда, қисмеи дигар азнавсозӣ гардидаанд.

Чанде қабл дар Маркази бемориҳои дили вилояти Хатлон дастгоҳи нави SPIROLAB (спирография) барои муайян намудани бемориҳои роҳи нафас насб карда шуд, ки дастгоҳи мазкур барои муоина ва ташхиси беморони роҳи нафас ва бемориҳои дил истифода бурда мешавад.

Ҳамзамон таъмири обу коррезии   Беморхонаи марказии ноҳияи   Қубодиён оғоз гардида, БС “Қоҳу” ва  БС “Лолазор”-и  ноҳияи Хуросон  аз   таъмири косметикӣ бароварда шуданд.

Инчунин беморхонаи  Марказии ноҳияи Кӯлоб  бо мебел ва  таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин карда шуда, ба Беморхонаи Марказии ноҳияи Темурмалик  ба маблағи 47000 доллари Амрикоӣ таҷҳизоти тиббӣ  бо номи  “Genecpert” ворид карда шуд.  Дар Маркази стоматологии вилояти Хатлон бошад, дастгоҳи нави ҷарроҳии имплантологӣ насб карда шуд.

Дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таи рӯзҳои охир инчунин,  дар ҷамоати Бустонқалъаи     ноҳияи Бохтар Бунгоҳи саломатии  “Ниҳолпарвар”   ва Бунгоҳи саломатии  “Саричашма”  сохта ба истифода дода шуд.  Дар ноҳияи Вахш бошад,   сохтмонаи  Бунгоҳи саломатии  “Замини нав” дар ҳоли идома қарор дорад.

Дар заминаи Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон шӯъбаи гулу гушу бинӣ кушода шуда, ба Маркази бемориҳои сили   ноҳияи Данғара   ба маблағи 47000 доллари Амрикоӣ таҷҳизоти “Genecpert” ворид карда шуд.  Дар ҷамоати деҳоти “Деҳқонариқ”-и ноҳияи Фархор бошад БС “Арча” ба истифода дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,146
  • 1,242
  • 950,166