Рушди усулҳои нави ҷарроҳӣ дар Хатлон

Феврал 06
12:10 2018

Таи соли 2017 бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон даҳҳо марказу бунгоҳҳои саломатӣ бунёд ва ба беморхонаҳо дастгоҳҳои муосири тиббӣ ворид гардидааст. Ин нуқтаро Саъдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод байён дошт.

Саъдулло Маллазода, ҳамзамон вобаста ба саҳми соҳибкорони ватанӣ  дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ гуфтааст, ки; “соҳибкорони маҳаллӣ низ дар бунёди марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ саҳми худро гузошта, пайрави сиёсати ободгаронаи Пешвои миллат буданашонро нишон доданд. Барои мисол, дар ноҳияи А.Ҷомӣ бунгоҳи саломатии «Кӯҳдоман»   ва бунгоҳи саломатии «Пахтакор»   ба таври ҳашар сохта шуд. Ба беморхонаи №1-и ноҳияи Қубодиён аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо мақсади расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин” як автомашинаи “Хундай-старекс” туҳфа карда шуд. Дар Ҷамоати деҳоти  Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо дастгирии соҳибкори ватанӣ таваллудхона кушода шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуд”.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Дӯстӣ низ шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ аз ҳисоби соҳибкорон   таъмир шудааст. Соли гузашта ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и ноҳияи Бохтар аз ҳисоби соҳибкорон ва ба таври ҳашар Маркази саломатии “Айнӣ” сохта ба истифода дода шуд. Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бо маблағи як миллиону 30 ҳазор сомонӣ ошёнаи 4-ум ва аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бунгоҳи саломатии “Чу-Чу” бунёд гардид.   Дар Ҷамоати деҳоти “Корез”-и ноҳияи Данғара Маркази саломатии деҳотӣ бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Муҳибов Ҷӯрабек Давлатович   сохта шуда, бо таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳозонида шуд.

Саъдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, инчунин роҷеъ ба воридсозии усулҳои нави ҷарроҳӣ сухан гуфта, қайд кардааст, ки соли гузашта танҳо дар Беморхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ба 20 бемор амалиёти пайвандсозии гурдаҳо, ба 103 нафар ҷарроҳиҳои ринопластика ва секторинопластика, ба 8 нафар ҷарроҳӣ дар чашм, ба 17 нафар амалиёти ҷарроҳии бартараф намудани контрактураи ангуштон ва ба 222 бемор ҷарроҳии вобаста ба бемориҳои рагҳои хунгард гузаронида шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 997
  • 1,242
  • 950,017