Вохӯрии Насим Олимзода бо Ҳасан Дилсӯз оглу Мамедзаде, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Насим Олимзода бо Ҳасан Дилсӯз оглу Мамедзаде, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феврал 13
14:34 2018

Санаи 13 феврали соли равон вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ҳасан Дилсӯз оглу Мамедзаде баргузор гарид.

Бояд қайд намуд, ки мақсади вохӯрии мазкур бо Сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ ва муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон буда, ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ аз пешравӣ ва рушди соҳаи тандурустии ду кишвари бо ҳам дӯст Тоҷикистону Озарбойҷон  дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба баррасӣ гардид.

Зимни вохурӣ Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ – яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, он дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи ҳамкории дуҷониба дар самти хизматрасониҳои баландихтисоси тиббӣ ба 11 нафар шаҳрванди  Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷарроҳии пайвандисозии узвҳо гузаронида шуда, оянда умед аст, ки ҳамкорӣ дар ин самт боз ҳам вусъат меёбад.

Насим Олимзода зимни суханронии хеш ҳамзамон иброз намуд, ки; “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи сохторҳои он   дар ҳамкорӣ бо  Ҷумҳурии Озарбойҷон ниёз дорад ва вохӯрии имрӯза  фурсати муносибе хоҳад буд, барои машварат ва гуфтугӯ, ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкориҳои давлатҳо дар раванди ҳифзи сиҳатии аҳолии ду кишвари бо ҳам дӯст”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172