Ҷаласаи навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феврал 23
10:26 2018

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро Насим Олимзода, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар ҷаласаи навбатии мушовараи вазорат, ҳамзамон масоили коррупсионӣ ва роҳу усулҳои решакан намудани ин зуҳурот дар соҳа, бартараф намудани камбудиву норасоии ошкоргардида дар ин ниҳод, минбаъд роҳ надодан ба такрорёбии онҳо, инчунин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самти пардохти нодурусти музди меҳнат, сафарҳои хизматӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, рӯйпуши андозҳо, камомади молу маводҳо, бо исӯштироки намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷиккистон,    Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар ҷамъомади мазкур  Нигора Муқимӣ,  Сардори раёсати дуюми сарраёсати пешгирии корупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни суханронии хеш      оид ба    ҳолатҳои  коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, инчунин дар самти  амалисозии “Стратегияи муковимат бо коррупсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ” корҳои пешгирии  коррупсионӣ  дар байни кормандони тиб ибрози назар намуд.

Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   зимни баромади хеш диққати ҳозиринро ба масоили   мафҳуму моҳияти коррупсия, зуҳуроти номатлуби он дар  ҷомеа ва зарари манфӣ  доштани он дар пешрафту шукуфоии давлат ҷалб намуданд. Ҳамчунин дар вохурӣ  таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он  мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар кори ҷаласа, инчунин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самти пардохти нодурусти музди меҳнат, сафарҳои хизматӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, рӯйпуши андозҳо, камомади молу маводҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сарудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кӯчакшозода   баромад намуд.

Баъд аз мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додани ду масъала муҳим миёни кормандони соҳаи тиб, ки он ҳам решакан намудани амалҳои коррупсионӣ,    ва бартарафсозии   камбудиҳо дар самти пардохти нодурусти музди меҳнат,   бо ишштироки намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷиккистон,    Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон   масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳу василаи бартараф намудани онҳо мавридӣ таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 618
  • 1,242
  • 949,638