Имрӯзҳо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбиқи “Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» дар љумњурї тадбирҳои амалие рӯи даст гирифтаанд.
Ҳамин аст, ки танҳо таи як ҳафтаи охир дар Филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон 186 нафар донори хун ва плазмасупор ба қайд гирифта шудаанд.
Ба иттилои дастрас аз донорони бақайдгирифташуда, ба миқдори 98л 160 мл маводҳои хун гирифта шуда, барои кӯмаки фаврӣ ба беморони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тайёр карда шудааст.
Таҳлилҳо нишон медињанд, ки давоми соли 2017 дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и шаҳри Қурғонтеппа ва намояндагиҳои муассисаи мазкур дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 4 204 нафар донорҳои хунсупор ва плазмасупор ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба соли 2016 15% зиёд мебошад.