Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои тайёрии кадрҳо

Феврал 27
07:00 2018

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри ноил шудан ба дастовардҳои бузург ҳамчун як барномаи амал барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон, ва дар маҷмӯъ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Паёми навбатии Пешвои миллат аз 22 декабри соли 2017 низ чун ҳамеша миллати моро ба сӯи зиндагии арзанда ва дастовардҳои зарурӣ ҳидоят намуда, дар он оид ба вазъи кишвар маълумот дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ муайян карда шудааст.

Тавре ки Президенти мамлакат изҳор доштанд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.» /2, саҳ.3/. Воқеан ҳам имрӯз Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррасу таърихӣ ва созанда ноил гардида, иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо майлон дар раванди рушд қарор дошта, зиндагии мардум бошад беш аз пеш хубтару беҳтар гардида истодааст.

Асоси чунин пешрафту тараққиёт пеш аз ҳама ба номи Асосгузори Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дошта, бар пояи сулҳу суботи ҷомеа, оромиши кишвар бунёд ёфтаанд.

Дар ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳим ва заруру омӯзанда бисёр мебошад ва ҳар як ҷузъи ҳокимияти давлатӣ, ба хусус мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ боя два ӯҳдадоранд, ки ин барномаи амали созандаву шоистаи ҳаёти ҷамъиятиро дастури амали худ қарор дода, баҳри амалӣ гардидани онҳо азму талош намоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар партави амалисозии Паёми навбатӣ халқи Тоҷикистон дар соли равон (2018) низ уфуқҳои тозаву навро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ барои худ кашф менамоянд. Паёми Пешвои миллат на танҳо барномаи амали вазорату идораҳо ё муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар,балки барномаи зиндагии ҳар як фарди ҷумҳурӣ буда, фарогири тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тарбияи насли наврас, ҷавонон ва таъминоти таҳсилоти касбии онҳо мебошад, ки ҷомеаро ба сӯи рушди устувор ҳидоят мекунад.

Яке аз масъалаҳои умда ва ниҳоят барои миллат зарур, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Паём мавриди баррасӣ қарор дод, ин масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолмебошад. Ҷаноби Олӣ изҳор намуданд, ки «дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.» /2, саҳ.12/.

Дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат ҳамеша дар мадди назари сарвари давлат қарор дошта, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус кормандони иҷтимоӣ бо дарназардошти дастуру супоришҳои Президенти кишвар фаъолияти худро бештар тақвият бахшида, баҳри солимгардонии маъюбон, дастрасии ниёзмандон ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва амалишавии қонунгузории соҳавӣ дар маҷмӯъ саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз бисёр ҷиҳат ба мутахассисони соҳавӣ алоқаманд мебошад. Ҳамин нуктаро Пешвои миллат ба таври аъло арзёбӣ намуда,ҳамчун масъалаи саривақтӣ ва мубрам изҳор намуданд, ки «нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ–дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд.

Ҳукумат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, дар ду соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст.»/2,саҳ.30/. Ва дар ин замина таъкид доштанд, ки «масъалаҳои вобаста ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таъмини муҳити дастрас барои маъюбон беҳбудиро тақозо доранд.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд.» /2, саҳ.36/.

Тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ муҳимтарин омили пешрафти кор ва самаранокии фаъолияти ташкилоту муасиссисаҳо ва умуман ҳар як соҳа ба шумор меравад. Аз тарафи дигар, тавре ки дар адабиёти илмӣ дарҷ гардидааст, ом одагии касбии кормандон аз омилҳои ҳам субективӣ (ба монанди шавқу раѓбати хонандагон (инсонҳо), имкониятҳо, қобилиятишахс, интихобиарзишҳо, омодагии ҳавасманд-кунанда (ҳавасмандӣ) ва м.и) ва ҳам обективӣ (масалан зарурати ихтисос дар ҷаъмият, талаботи бозори меҳнат, мақоми ҳуҳуқӣ ва ҷаъмияти касб (ихтисос) ва ғайраҳо) вобаста мебошад.

Маҳз ҳамин омилҳо буданд (ва ҳастанд), ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкур бардошта ва ҳамчун вазифагӯзорӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд.Таҳсилоти касбӣ ҳамчун восита (васила) барои ноил шудан ба профессионализми олии шахс ва фаъолият баромад менамояд. Фаъолияти бесамар аз профессионализми баланд (касбияти олӣ, ихтисосмандӣ ва соҳибкасб будани кормандон вобаста аст. Аз тарафи дигар корманд, вақте ки дорои касбияти олӣ ва соҳибкасб аст, обрӯю эътибори ӯ низ ҳамчун шахсият дар коллектив ва дар маҷмуъ дар ҷомеа баланд мебошад.

Чунин назарияи профессионализми олии корманд-кадрҳои соҳибихтисос маҳз дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, мавқеимуҳим дорад. Шурӯъаз соли 2018 дар заминаи муайянгардидаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосӣ ва аввалиндараҷа на танҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, балки дар системаи таҳсилоти касбии ҷумҳурӣбашумормеравад. Албатта, протсесси тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ, хусусан мутахассисони соҳибкасбу профессионал ҷараёни тулонӣ ва хеле мураккабу боарзиш (қиммат) маҳсуб меёбад.

Як мақоли хеле маъмули замони шӯравӣ ба ёдамон меояд, ки чунин мазмун дошт: “Кадры решают всё”. Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус дар самти кори иҷтимоӣ масъалаи “кадрҳо” қисмати таркибӣ ва ҷудонашаванда мебошад.

Дар айни замон дар Тоҷикистон як низоми хеле мураккаби ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бисёрсоҳаву сернуфузтарин ташаккул ёфтааст. Ва ин бесабаб нест. Зеро, аввалан Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон карда шуда, зиндагии арзанда ва инкишофи озоданаро барои ҳар як инсон фароҳам меоварад/1, саҳ.4/.

Дар ин замина мавҷудияти институти ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчун низом ва сохтори давлатӣба ҳайси василаии расидан ба ҳадафҳои конститутсионии давлат хеле ба маврид арзёбӣ магардад.

Сониян даврони гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ ва барҳам хӯрдани системаи ягонаву муттамаркази таъминоти иҷтимоии шуравӣ боиси паст гардидани сатҳи зиндагии мардум, коҳиш ёфтани даромадҳои аҳолӣ, бекории саросарӣ ва ба вуҷуд омадани дигар проблемаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мегардад.

Барои бартараф намудани вазъи бавуҷудомадаи иқтисодию иҷтимоӣ зарурати созмон додани як системаи устувору самараноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ногузор мебошад.

Дар адабиёти илмӣ назарияҳо оид ба шарҳу тавзеҳи мафҳуми “ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” хеле зиёд баён гардидаанд. Аммо ба назари мо яке аз мафҳумҳои серистеъмол ва маъмули он чунин мебошад, ки “ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”-ин маҷмӯи чорабиниҳои иқтисодӣ,ҳуқуқию ташкилӣ ва иҷтимоии давлат мебошад, ки ба шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат ва қобили меҳнат, ки дар шароити душвори зиндагӣқарор доранд, барои таъминоти иҷтимоию моддии онҳо, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ва дигар тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ равона гардидаанд.

Мақсади асосии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз кафолати ҷои кор ва ҳифзи меҳнат, музди ҳадди ақали меҳнат, ҳифзи сиҳатии омма, таъмини иҷтимоӣ, дастгириииҷтимоии маъюбон, пиронсолон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ; рушди шаклҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва иституутҳои хадамоти иҷтимоӣ ва таъмин намудани дигар тадбирҳоииҷтимоӣбашумормеравад.

Чунин ӯҳдадориҳои калон ва мураккаби давлатӣ ва дар навбати худ хеле ҳаётан зарури ҷамъиятӣ низоми мукаммали идоракунӣ, сохтори пуриқтидор, базаи ташаккулёфтаи меъёрии ҳуқуқӣ ва кормандони соҳибкасбро тақозо менамояд, ки дар ин силсилаи талаботҳо тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ, аз ҷумла соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавқеъи хос дошта, нақши калидиро мебозад.

Тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба мисли худи соҳа мураккаб ва дорои вежагиҳои хосе мебошад. Кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ба истилоҳ “корманди иҷтимоӣ” низ маъмул аст, бояд дар як вақт дорои маълумоти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, психологӣ ва ихтисоси кори иҷтимоӣ бошад.

Дар баробари ин, барои кадрҳои соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ (кормандони иҷтимоӣ) хусусиятҳои дорои саломатии хуб, масъулиятшиносӣ ва проффесионализм талаботи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмӯъ аз сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои зерин иборат мебошад:

А)   – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

– Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;

Б)   Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, каругунгҳо, ношунавоён, маъюбони Чернобил ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию эҳсонкор.

В) – сохторҳои маҳаллии вазорату идораҳое, ки дар банди «А» номбар гардидаанд, аз ҷумла шӯъбаҳои вилоятӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона;

– марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ;

– марказҳои хизматрасонии будубоши рӯзона.

Г) Муассисаҳои статсионарӣ (хона-интернатҳо) ва дигар муассисаҳои будубоши доимӣ ва муваққатии гирандагони хизматии ҷтимоӣ.

Д) – Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ;

– Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

– Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо;

– КД «Заводи протезию ортопедӣ»;

– МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»;

– осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳои соҳавӣ.

Дар умум дар ташкилоту муассисаҳо ва дигар зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистонқариб 4 ҳазор нафар корманд фаъолият менамоянд. Мутаассифона, бояд қайд намоем, ки дар миёни кормандони мазкур шумораи ангуштшуморе ҳастанд, ки дорои маълумоти махсуси риштаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошанд. Ба истиснои кормандони бахшҳои тиббии ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ боқимонда кормандон асосан дорои ихтисосҳои гуманитарӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на дардаврони шӯравӣ ва на дар замони пасошӯравӣ аслан дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва олӣ аз рӯи ихтисосҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ваё кори иҷтимоӣ кадр тайёр намекарданд. Танҳо баъди солҳои 2008-2010 бо ташаббуси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалан шӯъба ва баъдан кафедраи «Кори иҷтимоӣ» кушода мешавад. Дар айни замон ин кафедра дар факултети Фалсафаи ДМТ амал карда, дар он зиёда аз 100 нафар донишҷӯён таҳсил карда, то имрӯз аз рӯи ихтисоси «кори иҷтимоӣ» 178 нафар донишҷӯ (аз ҷумла 41 нафараз ҳисоби буҷети давлат) соҳиби дипломи корманди иҷтимоӣ гардидаанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорӯғ низ як гурӯҳи донишҷӯён аз рӯи ихтисоси «менеҷменти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» ва дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе аз рӯи ихтисоси «муносибатҳои меҳнатӣ» таҳсил мекунанд. Дар назар аст, ки чунин ихтисосҳо дар Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоби вилояти Хатлон низ ташкил карда шаванд.

Дар Тоҷикистон аз рӯи қонунгузории амалкунанда аксари аҳолии кишвар бевосита ва ё бавосита истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Чунончи, ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 600 000 нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 150 000 маъюбон (26000 кӯдакони маъюб) ва зиёда аз 240 000 оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Дар баробари ин, шумораи муайяни шаҳрвандон дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди дар вақти беморӣ, бекорӣ, гум кардани қобилияти корӣ, ҳангоми аз даст додани саробон, зарардидагони офатҳои табиӣ, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, қурбониёни савдои одамон, шаҳрвандони мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), оилаҳои партофташудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣқарор доранд, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хизматрасонии иҷтимоӣ доранд. Ва таъминоти саривақтии ҳуқуқ ва манфиатҳои ин гурӯҳи шаҳрвандон бевосита аз кадрҳои соҳавӣ вобаста мебошад.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии аҳолӣ, дастрасии онҳо ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва кафолати зиндагии шоиста ҳамасолазиёдааз 50% буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёти давлат равона карда мешавад.

Дар Тоҷикистон бо вуҷуди мавҷуд будани низоми мукаммали таълимоти касбӣ ва зинаҳои таҳсилот, то ҳанӯз дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низоми муайян ва ҳамоҳангшудаи тайёр кардани кадрҳо ва ҷобаҷокунии мақсадноки мутахассисони соҳавӣ таҳия ва тартиб дода нашудааст. Аз ин рӯ, дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабул намудани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миён омадааст.

Дар системаи маъмулии кадрҳои соҳавии кори иҷтимоӣ асосанду сатҳи мутахассисон: кормандони иҷтимоӣ ва мутахассис оид ба кори иҷтимоӣ бояд ҷудо карда шавад. Зинаҳои таҳсилоти касбии сатҳиякум – ин шахсе, ки муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва сатҳи дуюм – ин шахсе, ки муассисаи таҳсилоти олии касбиро хатм менамоянд.

Хулоса, масъалаи омодагии касбӣ, профессионализм ва тайёр намудани кадрҳо дар маҷмӯъ аз масъалаҳои муҳими рушди нерӯи инсонӣ ва захираҳои кадрӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ яке аз омилҳои муҳими самаранокии кор ва таъмини иҷрои босифати стратегияву барномаҳои давлатӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масоили умдаву муҳими ҷомеаи мо, ба масъалаҳои дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилот, сифати таҳсилот ва беҳтар намудани вазъ дар соҳаи маориф, аз ҷумла таълиму тарбия аҳамияти махсус зоҳир намуда, чунин таъкид доштанд: «моро зарур аст, ки … ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем /2, саҳ.31/.

Барои халқи Тоҷикистон ва хусусан миллати сарбаланди тоҷик шарафу комёбии бисёр калон аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии бевоситаи Президенти кишвар, Ҷанби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими иқтидори дохилӣ ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманди байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоист атадбирҳои зарурӣ ва назаррас андешида мешаванд. Дар амал татбиқ намудани нақшаву барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла бунёди низоми босамари ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъминоти он бо кадрҳои соҳибкасб ва масъул мусоидат хоҳад кард.

        РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАГАРДИДА:

  1. Конститутсмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, нашриёти «Ганҷ», 2016, 135 с.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Душанбе, 2017. 48 с.

3.Позубенкова Э.И., Стратегический менеджмент: Учебное пособие/ Пенза, РИО ПГСХА, 2014. 196 с.

  1. «Управленческие кадры и их роль в формировании коллектива. «Кадровик. Кадровый менеджмент». 2008.№10. www.hr-portal.ru
  2. Холостова Е.И. Социальная работа: Учебное пособие/ М.: ИТК «Дашков иК»,2010. 800 с.

 

 

 

Қудратулло Қурбонов_ сардори Раёсати ҳифзи

иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760