Санаи 05 марти соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори иҷроияи Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС MoveAbiblity) сурат гирифт.
Дар рафти вохурӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди “MoveAbiblity”-и Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх бо мақсади “Дастгирии хизматрасониҳо оид ба таъминоти шахсони маъюб бо таҷҳизоти техникии ёрирасон барои солҳои 2018 – 2019” ёдошти тафоҳум ба имзо расид.
Зимни баргузории вохурӣ, инчунин намояндагони ҳарду чониб иштирок намуда, дар рафти он вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх гуфтушунид сурат гирифа, аз корҳои ба анҷомрасида изҳори қаноатмандӣ карда шуд.