Наврӯзи ҷаҳонӣ миёни кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд

Наврӯзи ҷаҳонӣ миёни кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд
Март 19
09:11 2018

Таҷлили бошукӯҳи  Наврӯзи ҷаҳонӣ таи чанд рӯз аст, ки  дар ҳама муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурутӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Санаи 17 марти соли равон дар  Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» – и ноҳияи Варзоб маросими Наврӯзии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар расми баргузории маросими идона Насим Олимзода, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва намояндагони ташкилоти шарикони рушд иштирок намуданд.

Саҳни ҳавлии Муассисаи мазкур бо шиору овезаҳо ва гулҳо идона оро дода шуда, дар чор гӯша дастурхони хафт сину ҳафт шин, намунаҳо аз расму ойинҳои минтақаҳои гуногуни кишвар, масъули эҷоди табақаи инкониячташон маҳдуд  ба намоиш гузошта шуда буд. Дар саҳни чорабинӣ, инчунин гӯшаи либосҳои миллӣ, ки ифодагари фарҳанги волои аждодист ташкил гардид.

Дар доираи ин чорабинӣ  намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, шеъру таронаҳои наврӯзи, рақсу суруди миллӣ ва ороиши дастурхони идона бо таомҳои миллӣ шукӯҳи ин иди аҷдодиро боз ҳам афзун намуд.

Инчунин дар ҷашни мазкур Раиси ноҳияи Варзоб низ иштирок намуда, табрикоти аҳли ноҳияро дар симои ҷамъомадагон ба кулли сокинони кишвар расонид.

Чорабиниро барномаи фарҳангию фароғатӣ боз ҳам ободу зебо гардонида,  дар хотима вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Олимзода Насим Хоҷа ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холзода Абдулҳаким Қувват собиқадорони ҷангу меҳнатро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 734
  • 1,242
  • 949,754