Семинари «Пешгирии бемории саратони ғадуди ширӣ» миёни кормандони ВАО

Семинари «Пешгирии бемории саратони ғадуди ширӣ» миёни кормандони ВАО
Апрел 05
12:09 2018

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Гранд – Отел» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, вобаста ба «Пешгирии бемории саратони ғадуди ширӣ» миёни кормандони воситаҳои ахбори омма семинарӣ омузишӣ сурат гирифт.

Дар расми баргузории чорабинӣ  муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, роҳбарият ва кормандони  Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ», Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиби оилавӣ», Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», инчунин намояндагони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкурро Саида Умарзода, бо баромади пурмуҳтаво ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии хеш  аз ҷумла иброз намуд, ки;  «саратони ғадуди сина яке аз навъи паҳншудаи бемориҳои саратонӣ мебошад. Ин навъи  маризӣ дар байни навъҳои дигари бемориҳои саратони занҳо ҷои аввалро ишғол менамояд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар ҷаҳон беш аз як миллион занон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд».

Дар рафти баргузории чорабинӣ вобаста ба мавзуоти «Бемории саратони ғадуди ширӣ – самти афзалиятноки соҳаи саратоншиносӣ» «Имкониятҳои ташхис ва табобати бемории саратони ғадуди ширӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳо ва мушкилот», «Вазъи гирифторшавии занон ба бемории саратони ғадуди ширӣ дар Тоҷикистон» «Саҳми муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар пешгирӣ ва дарёфти бармаҳалли бемории саратони  ғадуди ширӣ», «Нақши равоншиносон дар мубориза бар зидди бемории саратон дар байни занон», «Инъикоси дурусти роҳу воситаҳои пешгирии бемории саратон тавассути ВАО ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи дониши тиббии аҳолӣ» маърузаҳо шунида шуда, оиди аз байн бурдани ин мушкилот ва фароҳам овардани шароити мусоиди табобатӣ гуфтушунидњо сурат гирифт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 949
  • 1,242
  • 949,969