Бо мақсади иҷроиш ва дар амал татбиқ намудани “Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии илмии Хун ҷиҳати ҷалби донорони хун ва плазмасупор тадбирҳои амалиеро роҳандозӣ менамоянд, ки дар натиҷаи он шумораи донорон рў ба афзоиш ниҳодааст.
Ҳамин аст, ки таи ҳафтаи сипаригардида, дар филиали Муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии Илмии Хун дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар асоси чораҳои андешидашуда бо мақсади ҷалби донорон 336 нафар донори хун ва плазмасупор аз қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора ба миқдори 174 л 930 мл маводҳои хун гирифта шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҷалби донорони хун ва плазмасупор бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҳамзамон ҷиҳати расонидани кўмаки фаврӣ ба беморони эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардидааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки таи ҳафтаи сипаригардида, дар филлиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и вилояти Хатлон чорабиниҳои алоқаманд ба “Рўзи умумиҷаҳонии донори хун” бо мақсади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ, тибқи қарори Ассамблеяи Ташкилоти Умумуҷаҳонии Тандурустӣ, дар асоси моддаи 6 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он” Баргузор карда шудааст.