Имрӯз дар Маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ҷаласаи байниидоравӣ оид ба баррасии натиҷаҳои тадқиқотҳои мақсаднок дар самти пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ баргузор гардид.
Чорабини мазкур дар рафти амалисозии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2023» ва «Стратегия оид ба ғизо фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» сурат гирифт.
Дар рафти кори ҷаласа Саида Умарзода муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мехта Пратебха ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктор Жоао Бреда, Роҳбари Департаменти Аврупо оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Дилором Содиқова ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дигар вазорату идораҳои кишвар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур масоили роҳу василаи пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, амалисозии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷуимҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2023» ва «Стратегия оид ба ғизо фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» мавриди гуфтушунид қарор гирифт.
Дар доираи кори ҷаласа нишасти матбуотӣ низ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон сурат гирифт.
Нишасти матбуотиро Саида Умарзода муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, дар рафти он ба саволҳои рӯзноманигорон Игор Поканевич, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила ва дигар мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда ба саволи рӯзноманигорон посухҳои муфассал доданд.
Дар Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба масъалаҳои вазъи гирифторшавии аҳолии кишвар ба бемориҳои ғайрисироятӣ диққати бештар зоҳир намуданд.