Маърифати баланди модарон-омили солимии кӯдакон

Маърифати баланди модарон-омили солимии кӯдакон
Апрел 25
08:15 2018

Насли солим ҷомеаи солим!” Зери ҳамин шиор, намояндагони лоиҳаи “Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад,  чандест, ки миёни сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногуни намоишӣ омӯзиширо доир намуда, ба занони ҳомилаву модарони кӯдаки ширхорадошта, тарзи дурусти интихоби маҳсулоти ғизоӣ ва чи тавр омода кардани хӯрокҳои иловагиро аз ҳисоби меваю сабзавоти тару тозаи маҳаллӣ нишон медиҳанд, то ин, ки модарони ҷавон барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони худ аз маводҳои табии ватанӣ бештар истифода баранд.

 Ба хотири ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ва таъмини бехатарии молу маҳсулоти ғизоӣ, имрузҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ниҳодҳои дахлдор муаззаф гардида, дар баробари пурзур намудани корҳои назоратӣ вобаста ба сатҳу сифати молҳои ниёзи мардум, ҳамзамон ба сокинон тарзу усули интихоби маҳсулоти баландсифату фоидаовар ва роҳҳои дурусти омода кардани хӯрокҳои иловагиро нишон медиҳанд. Ҳамин қабил чорабиниҳо алакай дар байни занони ҳомила ва занони кӯдаки ширхорадоштаи 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташкилу гузаронида шуда, аз ҷониби мутахассисони ВТҲИАҶ баҳри ҳавасмандгародонии иштирокдорон дар рафти баргузории виктаринаҳо тӯҳфаҳои гуногун низ супорида мешавад.

Омӯзгорони таҷрибадори соҳавӣ чунин вохӯриҳоро дар шаҳру навоҳии минтақаҳои Кӯлобу Бохтар зиёдтар доир менамоянд, зеро ки тибқи таҳлилҳои пешакӣ, аҳолии ин масир, аз ҷиҳати таъминнокии ғизо дар сатҳи ноустувор қарор доранд. Албата истифодаи ғизои нодуруст ва каммаълумотии модарон боис гардидааст, ки дар байни кӯдакони сини то 5 сола  нишондиҳандаҳои камвазниву кадпастӣ, лоғариву дигар намуди бемориҳои кӯдакона ҳоло ҳам мавҷуд мебошад.

Оид ба беҳтарсозии ғизо танҳо дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ миёни 3826 нафар занони ҳомилаву модарону кӯдаки ширхорадоштаи ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон, вохуриҳои намоишӣ омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, вобаста ба ҳамин мавзӯъ ҳануз ҳам дар минтақаҳои боқимонда, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Ташкилу гузаронидани чунин маъракаҳо дар шароити имруза аз манфиат холӣ набуда, барои солимии ҳам модарону ва ҳам насли наврас нақши хело боризеро иҷро хоҳад кард. Ба гуфти муовини роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар Баргигул Баротова, натиҷаи ҳамин гуна вохӯриҳоро мо ҳангоми гашти хонаҳо ва дар вақти ташрифи онҳо ба маркази саломатии кӯдакона хело хуб мушоҳида мекунем. Дар муқоиса ба чанд соли пеш тасавуроти модарон оид ба нигохубини кӯдакон, таёр намудани ғизоҳои иловагӣ ва расонидани кӯмаки аввал ҳангоми рух додани ҳодисаҳои ногаҳонӣ, каме беҳтар гаштааст.   

Дар сатҳи баланд қарор доштани маърифатнокии махсусан модарон, ҳангоми таваллуд ва ба воя расонидани кӯдакони солим хело муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро ояндаи давлату миллат низ ба насли руҳану ҷисман солим вобастагӣ дорад. Ҳаминаст, ки солимии ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату ҲҶТ карор гирифта, имрӯзҳо барномаҳои гуногун дар ин самт қабул ва амалӣ мегарданд.

 

Қурбоналӣ Қурбонов

Мушовири Лоиҳа дар вилояти Хатлон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 973
  • 1,242
  • 949,993