Сокинони ноҳияи Ҷ. Балхӣ соҳиби бинои нави тиббӣ мегарданд.

Сокинони ноҳияи Ҷ. Балхӣ соҳиби бинои нави тиббӣ мегарданд.
Апрел 25
08:17 2018

Дар баробари дигар соҳаҳо, риштаи тандурустии кишвар низ, ру ба пешравӣ ниҳода, қиёс ба даврони пешин, эҳтиёҷоти мардум ба хизматрасониҳои тиббии дигар давлатҳои ҳамсоя камтар гардидааст. Ҳаминаст, ки марҳила ба марҳила, шароити кору хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ беҳтар мегардад. Яке аз ҳадафҳои наҷибонаи роҳбарияти олии кишвар низ, оид ба беҳтарсозии шароити кории муассисаҳои тиббии хусусан самти кӯмаки аввалия равона гардида, ҳамасола даҳҳо адад марказҳои саломатӣ таъмиру азнавозӣ мегарданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ноҳияҳои Фархору Данғара, Ёвон ва Ҷ. Балхӣ идома дошта, дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ иловатан сохтмони асосии 2 адад муассисаи тиббии нав оғоз гардид. Тибқи маълумоти ҳамоҳангсози Лоиҳа оид ба корҳои сохтмонӣ Озар Зарифов, дар маҷмӯъ, барои сокинони ин ноҳия, дар худи ҳамин сол, 4 адад маркази саломатии деҳотӣ бо тарҳи нави меъморӣ аз сифр бунёд гардида, мавриди баҳрабардории мардум қарор дода мешавад.

Барои сифатан хуб анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағхои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар маҷмӯъ барои 14 муассисаи тиббӣ 14 милиону 297 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 8 бинои маркази саломатии тозабунёд дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Роҳандозӣ намудани чунин корҳои ободонӣ ва созандагӣ аз як тараф дар беҳ гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намояд аз ҷониби дигар барои нафарони зиёди бешуғл ҷойҳои нави кориро фароҳам овардааст. Раҳмон Давлатов, аз зумраи он нафароне мебошад, ки баробари оғоз гардидани корҳои сохтмонии маркази саломатии Фрунзе, соҳиби ҷойи кори муносиб гашта, имрӯз на танҳо ба хотири гирифтани подоши меҳнат, балки барои ободу зеботар намудани як гӯшаи ватани маҳбуби хеш ҳиссагузорӣ мекунад. Ба гуфти ӯ ягона мушкилоте ки алҳол, сокинони ҷамоати номбурдаро ба ташвиш овардааст, ин набудани шароити муосид вобаста ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба эҳтиёҷмандон мебошад. Зеро ки то ин ҷониб аз сабаби дар масофаи 2-3 километр дурдар қарор доштани муассисаи тиббӣ аҳолӣ сарсону саргардон, пиёдаву савора, бо душвориҳои зиёд, маризонро барои гузаронидани сузандору ё қабули дигар хизматрасониҳо ба дигар марказҳои саломатии ҳамсоя мебурданд.

Бар замми ин дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ҳамаи марказҳои саломатии навсохта ба 85 номгу дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, мизу курсӣ, рахтҳои хоби мулоим, ҷевону яхдон, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, генератор ва 6 адад марказҳои саломатӣ бо сарчашмаи алтернативии истеҳсоли нерӯи барқ (панелҳои офтобӣ) таъмин карда мешаванд. Чуноне, ки сардухтури беморхонаи рақами 1-и ҷамоати деҳоти Фрунзе иброз намуд, ҳамасола маҳз аз ҳамин деҳкадаҳо ҷавонони зиёде донишгоҳи тиббии Ҷумҳуриро хатм мекунанд, аммо аз сабаби норасоии ҳуҷраҳои корию дастгоҳҳои лозима мо наметавонем мутахассисони ҷавонро дар чунин шароит ба кор дилгарм созем. Шукронаи тинҷию соҳибистиқлолии кишвар аст, ки имрӯз бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ   дар ҳудуди ҷамоати мо сохтмони 1 адад маркази саломатии деҳотӣ ва дар ҷамоати дигар низ 1 бинои нав барои табибону ҳамшираҳои шафқат сохта ба истифода дода мешавад. Итминон дорем, ки ояндаи наздик ҳам мушкилоти норасоии мутахассисони тиббӣ аз миён бардошта мешавад ва  ҳам шароити кору хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Гуфтан мумкинаст, ки корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ бо як ҳунару маҳорати хуби касбӣ анҷом дода, бештар аз молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки ҳам корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом пазирад ва ҳам ба буҷа маблағҳои зиёд ворид карда шавад.

 

Қурбоналӣ Қурбонов

Машваратчии маҳаллӣ оиди кор

бо ҷомеа ва ВАО дар вилояти Хатлон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 992
  • 1,242
  • 950,012