Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон» (гранти Хазинаи ҷопонии рушди иҷтимоӣ) имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон” баргузор гардид. Дар кори он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шӯъбаҳо, шарикори рушд, роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиву снитарии 14 ноҳияи таҷрибавии Лоиҳа иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикон оид ба рушд, ки дар партави сиёсати созандаи Роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд қарор дорад, ба таъмин намудани раванди гузаронидани ислоҳот, беҳтаркунии заминаи моддию техникӣ ва захираҳои кадрии система равона карда шудааст.
Ба хусус имрӯз ман саҳми сазовори Бонки умумиҷаҳонӣ ва сафорати Ҷопон дар Тоқикистонро зикр намуданиям, ки дар самти рушди соҳаи тибби кишвари мо мавқеи хеле калон доранд. Маҳз ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ба хусус Бонки умумиҷаҳонӣ, Агентии ҷопонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба татбиқи ислоҳоти соҳа нерўи нав бахшиданд.
Ба фаъолияти Лоиҳа аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ низ баҳои хеле баланд дода шуд, ки ин албатта боиси ифтихори мо аст.
Ёдовар мешавам, ки аз тарафи Лоиҳа дар ин муддат ба 135 ҳазор нафар хизмат расонида шуд, ки аз онҳо 3000 хонаводаҳо дар самти истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, 1000 нафар кормандони тиб ва 300 нафар ихтиёриён, беш аз 80 ҳазор занони ҳомила ва кудаки ширхорадошта ва беш аз 250 ҳазор кудакони то 5 сола мебошанд.
Бо мақсади баланд бардошти сатҳи дониши модарон аз аввали Лоиҳа то имруз 39 нафар омузгорон аз ҳисоби кормандони тиб омӯзонида шуданд, ки, онҳо дар навбати худ 1000 нафар табибону ҳамшираҳои шафқатро омӯзониданд. Баъдан омӯзгорон дар якҷоягӣ бо намояндагони лоиҳа дар байни 175734 занони ҳомилаву модарони кӯдаки ширхорадошта, оиди ғизои солим, ва дар мавзӯи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона 12769 занони ҳомилаву кӯдакони ширхорадошта чорибиниҳои омӯзишӣ гузарониданд.
Дар доираи Лоиҳаи 14 ҳуҷраҳои маниторинг ва арзёбӣ таъсис ёфта, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизот ба маблағи 557 991,29 сомонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мутахассисон омӯзонида шуданд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Ҷопон курсҳои 6 моҳаи тибби оилавӣ низ роҳандозӣ гардида, 55 духтур ва 184 ҳамшираи шафқат ҳамчун мутахассиси тибби оилавӣ омода карда шуданд.
Амалӣ гардидани Лоиҳаи «Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон» дар 14 ноҳияи минтақаи Хатлон басо пурсамар амалӣ гардида, онро ҳамчун як намунаи беҳтарини ҳамкории байни Тоҷикистону Ҷопон метавон ном бурд.