Чорабинии идонаи Маркази хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ба муносибати “Рӯзи ғалаба”

Май 08
16:00 2018

Санаи 5 майи соли ҷорӣ дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Сардори раёсати ташкили хизмати иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Муминов, афсарону сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ, Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, бошандагони Марказ ва аҳли илму фарҳанг иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо қироати порчае аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оѓоз гардид. Баъдан, директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе Муҳаббат Зарипова суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи Ғалаба” таҳният гуфт. Зикр гардид, ки аксарияти бошандагони Марказ фарзандони замони ҷанг мебошанд ва дар солҳои душвор ба камол расида, дар пешрафти кишвар саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Ҳамзамон, номбурда махсус қайд намуд, ки: – “Наслҳои имрӯза аз сулҳу осоиштагии кишвар шукргузоранд ва пиронсолони мо, бахусус, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле сарфарозу миннатдоранд.”

Дар ҷараёни чорабинӣ ба поси хотири иштирокчиёну қаҳрамонони шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дақиқаи хомӯшӣ эълон шуд. Инчунин, иштирокчии ақибгоҳи Ҷанги

Бузурги Ватанӣ Абдуллоева Хадичахон, собиқадорони меҳнат Мирошниченко Валентина, Панова Нина ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Чорабинии идона бо барномаи фарҳангиву фароғатии овозхонони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ансамбли “Сипар”-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамдастии донишҷӯёни факултети тиббӣ ва фармасевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хотима ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 908
  • 1,242
  • 949,928