23 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» чорабинии хайриявии Намояндагии Агентии туркӣ оид ба ҳамкории байналмилалии назди Сарвазири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TIKA) баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, ёрдамчии вазири тандурустӣ Содиқова Дилором, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Қ, Б, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, аз ҷониби Намояндагии Агентии туркӣ Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Куксал, ноиби Президенти Агентии туркӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ Мехмет Сурея Эр ва дигар намояндагону профессорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия ширкат варзиданд.
Чорабинии хайриявиро дастаи ҳунармандон ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан Умарзода Саида Ғайрат муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳузури меҳмонони олиқадрро хайра мақдам гуфта, зимни суханронии хеш иброз намуд, ки “… ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба фаъолони ҷомеа таъкид доштанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, муассисаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон ва мардуми саховатпешаи кишвар ба пиронсолону маъюбон, шахсони яккаву танҳои ниёзманд, оилаҳои камбизоат, шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта кӯмаки амалӣ расонанд, ки савобияти беандоза дорад”.
Ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Куксал суханронӣ намуда аз ҳамкории дуҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯст арзи сипос намуд ва дар интиҳои суханрониашон ба ташкилкунандагони ин чорабинии хайриявӣ миннатдории худро изҳор намуда, ҳамагонро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрик кард.
Бояд қайд намуд, ки Намояндагии Агентии туркӣ оид ба ҳамкории байналмилалии назди Сарвазири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 230 нафар кӯдакони маъюби “Чорбоғ” дастархони хайр ороста, ҳадяҳо тақдим намуданд