Мизи мудаввар зери унвони «Вазифаҳо ва дурнамои таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо»

Мизи мудаввар зери унвони «Вазифаҳо ва дурнамои таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо»
Май 29
11:57 2018

Санаи 29 майи соли равон дар меҳмонхонаи «Хаят Реҷенсӣ» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, зери унвони «Вазифаҳо ва дурнамои таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаваар сардорони раёсату шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Мериан Шеридан, роҳбари Лоиҳаи “Кӯмаки техникии барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди нерӯи инсонӣ (марҳилаи II)”, коршиносони байналмиллалӣ, директорони хона-интернатҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта мешавад, мақсад аз баргузор гардидани чорабинии мазкур баррасии Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардонии тавсияҳои коршиносони байланмиллалии Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди фаъолияти муассисаҳои давлатии “Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Турсунзода”, “Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Ёвон”, “Хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов” барои соли 2018 маънидод мегардад.
Дар рафти баргузории мизи мудаввар аз дастгириҳои пайвастаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус аз таваҷҷӯҳи ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон ва дар заминаи он муҳайё гардидани шароити хуб барои чунин қишри ҷомеаи кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуда, вобаста ба дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии маъюбон гуфтушунид сурат гирифт

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760